Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Хоруғ, “биржаи Лондон” ва нархи сабзиву пиёз...


Бозори шаҳри Хоруғ (акс аз бойгонӣ)
Бозори шаҳри Хоруғ (акс аз бойгонӣ)

Сокинони Бадахшон мегӯянд, ки соли 2011 дар ёди онҳо ҳамчун соли болоравии нархҳо ва поин рафтани инсофи савдогарон боқӣ мемонад.

Ҷаҳиши нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ин минтақа аз оғози сол шурӯъ шуд ва то ба охири сол авҷ гирифт.

Савримо Бекназарова, як харидори бозори Хоруғ мегӯяд, ҳаққи бознишастагӣ ва маоши мардум аз он чӣ дар бозорҳо пешниҳод мешавад бамаротиб поён аст. Ӯ бо ҳасрат киматҳои соли гузаштаро бо имсол муқоиса мекунад ва мегӯяд, “савдогарон инсофро тамоман гум карданд, як халта орди навъи якум 140, биринҷи хитоӣ 4 сомонӣ буд, акнун 8 сомонӣ , як литри равғани рустанӣ аз 8 ба 12 сомонӣ расид. Сабзиву пиёз дар рӯзҳои охир боз қариб 2 маротиба қиматтар шуданд, маош барои хариди маводи хӯрока ҳам базӯр мерасад.”

Бозори шаҳри Хоруғ
Бозори шаҳри Хоруғ
Аммо Умед Назришоев, як тоҷири бозори Хоруғ бо боварӣ гуфт, ки инҷо тоҷирон гуноҳ надоранд. Зеро нархи молу мавод дар бозори Хоруғро қиммати нафт дар биржаи Лондон муайян мекунад.

“Вақте, ки нархи нафт дар биржа боло меравад, инсоф ҳам аз байн меравад, зеро савдогари бозори Хоруғ медонад, ки пагоҳ аллакай аз шаҳрҳои калон молро бо нархи қиматтар ва хароҷоти нақлиётии бештар ворид мекунад”, мегӯяд Умед Назришоев.

"ЛОНДОН КУҶОВУ ХОРУҒ КУҶО?"

Аммо харидорони бозори Хоруғ ба суръати расидани хабари биржаи Лондон ба минтақаи дурдасти кӯҳистонро шубҳа мекунанд ва мегӯянд, “Лондон куҷову Хоруғ куҷо, тоҷирон мардуми соддаро фиреб мекунанд!”

Умед Назришоев дар ин масъала тавҷеҳи худро дорад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки нархи мошину бензин ва интиқоли коло аз як давлат ба давлати дигар босуръат боло рафтааст, раҳм ба харидор, ҷабр ба тоҷир хоҳад буд. “эълонҳоро дидед, қариб 20 нафар тоҷирон дар назди бонкҳо қарздор шуда, аз хонаҳояшон маҳрум гардиданд, ман наметавонам арзон фӯрӯшам, зеро қарздор шуда, аз хона маҳрум мешавам” – далел меорад ӯ.

Агарчӣ солҳои қаблӣ дар бозори Хоруғ растаи савдогарони қирғиз бо молҳои хушсифат бо савдогарони тоҷик рақобат мекард, акнун растаи қирғизҳо низ аз молҳои тоҷикӣ пур шудаанд. Ин ба маъноест, ки тоҷирони ҳамсоя ба овардани молу коло ба бозорҳои Тоҷикистон суд намебинанд ва бештар ба харидуфуруши молҳои дохили Тоҷикистон маҳдуд мешаванд.

Бозори шаҳри Хоруғ
Бозори шаҳри Хоруғ
Дилбар Мадумарова, як фурӯшандаи дигар гуфт: “дар кишвари мо молҳо ба стандарт ҷавобгӯ буда, сифати баланд доранд ва аз ин рӯ қиммат ҳастанд, молҳои шумо ба стандарт ҷавобгӯ набуда, сифатан паст ва арзонтар буда, аз ин рӯ мо ҳам акнун аз Душанбе мол меорем, то мардум қобилияти харид кардани онҳоро дошта бошанд.”

"АРЗОН БЕ ИЛЛАТ ВА ҚИММАТ БЕ ҲИКМАТ НЕСТ"

Дар ин маврид мақоли тоҷикии «арзон бе иллат ва қиммат бе ҳикмат нест» ба ёд меояд, ки дар бозори Хоруғ ҳамчун шиори тиҷоратӣ истифода мешавад.

Журналист Алишери Чунайд мегӯяд, дар тӯли соли равон чандин бор бо нархи аз 80 то 100 сомонӣ пояфзол харидаст, аммо ин кафшҳо, ки зоҳиран зебо менамуданд, баъду ду-се ҳафта шикоф мешуданд ё медариданд. Аммо роҳ то Ӯшу Душанбе дур аст ва мардум маҷбуранд моли бесифат харидорӣ кунанд.

Бархе аз тоҷирон мегӯянд, молу маводе, ки ба ҷумҳурӣ аз Эрону Туркия ё Русия ворид мешаванд, умдатан аз аз маркази ҷумҳурӣ мегузаранд ва онҳо то расидан ба Хоруғ дар Душанбе нархгузорӣ мешаванд. Маълум нест, ки ба молу коло бо назардошти кадом меъёр нарх мегузоранд. Баъди расидан ба Хоруғ, борҳоро тоҷирони пулдор ба таври яклухт харидорӣ мекунанд ва нархро ба фоидаи ҷайби худ боло мебаранд.

Нархи молу мавод дар пешорӯи Соли нави мелодӣ дар бозор дар ҳоле боло мераванд, ки савдогарон гӯш ба “хабарҳои биржаи Лондон” ва мардум гӯш ба хабари расидани маошу ҳақи бознишастагӣ доранд. Бештари харидорон бар ин боваранд, ки болоравии нархҳо раванди муваққатӣ набуда, соли нави 2012-ум бо нархҳои гаронтар аз ин фаро хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG