Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар чанд моҳи ахир қимати шакар дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамоно рӯ ба афзоиш аст.

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, агар як далели болоравии қимати шакар дар Тоҷикистон афзоиши қимати ин мавод дар бозори ҷаҳонӣ бошад, далели дигар болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон аст.

Вале ба гуфтаи коршиносон, далели севвум монополияи бозор аз сӯи ширкатҳои воридкунанда аст, ки дар мақомоти давлатӣ пуштибон доранд.

БОЗОР ДАР ДАСТИ МОНОПОЛИСТҲО

Бино ба иттилои Хадамоти зиқдиинҳисории давлати Тоҷикистон, дар бозори маводи ғизоӣ ба хусус шакар, равған, тухми мурғ, ширкатҳои монополистӣ вуҷуд надорад, балки ширкатҳои доминант ё саҳми зиёд дошта ҳастанд. Вале ин хадамот аз додани иттилоъ дар бораи ширкатҳои воридкунандаи шакар, қанд ва тухми мурғ худдорӣ карданд.

Давлатмурод Ҷумаев, коршиноси бахши иқтисод далели сарпечии Хадамоти зидиинҳисорӣ дар мавриди монополияи ширкатҳои воридкунандаи шакарро чунин тавзеҳ дод: «Тайи чанд сол аст, ки бозори дохилӣ, ба хусус бозори ғизоӣ дар дасти чанд нафар монополист қарор дорад, ки дар мақомоти баландпояи давлатӣ кор мекунанд ва барои ҳамин ҳам ифшои номи онҳо ва муқобила бо онҳо кори осон нест».

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев, дар чанд соли пеш Оҷонси зидди инҳисорӣ хуб кор мекард ва ин монополистҳо, ки дар ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, талош карданд ва ин оҷонсро барҳам доданд. Ҳоло ин масъулият бар дӯши як Хадамоти заъифи зидиинҳисорӣ боқӣ мондааст, ки таҳти таъсири ҳамин мақомдорони монополисти бозор қарор дорад.

МОНОПОЛИЯИ БОЗОРӢ ВА ҒАЙРИБОЗОРӢ

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи умдафурӯшони бозори «Фаровон», онҳо шакару қандро, ки аз Белорус, Русия ва Эрон ворид мешавад, аз анбори ширкатҳои ноҳияи Ҳисор мехаранд. Ба таъкиди онҳо, куллия ширкатҳои воридкунандаи шакар, орд ва маводи ғизоӣ дар Ҳисор ва Душанбе пуштибони қавӣ дар мақомот доранд.

Нозим Эшонқулов, коршиноси Маркази Бозори Озоди Иқтисод, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, мегӯяд, ки ду навъ монополия вуҷуд дорад, монополияи бозорӣ ва ғайрибозорӣ, ки дар Тоҷикистон маъмул аст. Вай афзуд: «Монополияи ғайрибозорӣ на дар муносибатҳои тиҷоратии бозори озод ташкил мешавад, балки бар асоси бюрократия фасоди молӣ, маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ зуҳур мекунад, ки рақобатро аз байн мебарад ва боиси боло рафтани нарх мешавад. Ва ин аст, хусусияти бозори аслии Тоҷикистон».


ЧАРО НАРХҲО РӮ БА АФЗОИШАНД?

Ба гуфтаи коршиносони ҳамин марказ, ба ин далел аст, ки имрӯз қимати як дона тухми мурғ ба 85 дирам ва 1 сомонӣ расидааст. Дар ҳоле, ки чанд моҳе қабл корхонаҳои мурғпарварӣ шикоят доштанд, ки ба далели тухми арзони воридотӣ аз Ҳинду Эрону Русия, тухми мурғи онҳо ба фурӯш намеравад. Давлат воридоти тухми мурғ аз хориҷаро маҳдуд кард. Ҳоло тухми мурғи чанд моҳи арзони Файзобоу Чиптура ду баробар боло рафтааст.

Ба гуфтаи Нозим Эшонқулов, аз маркази бозори озоди иқтисодӣ, агар қимати тухми мурғ аз як сӯ ба болоравии қимати сӯхт бошад, аз сӯи дигар ба далели монополияи ғайрибозорӣ ва фасодкорӣ аст. Некрой Забиров, раиси Иттиффоқи соҳибкорони Тоҷикистон болоравии қимати маводи мавриди ниёзи аввалия дар бозорҳои дохилиро ба ду далели медонад. Вай мегӯяд: «Якум, маслиҳати пешакии истеҳсолкунанда бо фурӯшанда, ки мехоҳанд қимати маводро якбора баланд ё паст кунанд, яъне монополия. Дуввум. Дар сурате нарх боло меравад, ки қобилияти харидории мардум зиёд шавад».

ПОЙИН ОМАДАНИ НАРХ-СУОЛИ БЕПОСУХ

Ба гуфтаи коршиносон, пойин омадани нарх дар Тоҷикистон саволи беҷавоб аст. Зеро дар ҳоли ҳозир муносибатҳои бозори озоди иқтисодӣ ташаккул наёфтааст ва ин равандро метавон як бозори контролнашаванда хонд, ки ба далели ҷӯрабозӣ ва хешутаборӣ зуҳур кардааст. Ба гуфтаи ҳамин коршиносон, ҳамчунин муносибат дар тиҷорат ва рушди бозор монеъа эҷод мекунад.

Ба илова ба гуфтаи Нозим Эшонқулов, аз Маркази бозори озоди иқтисодӣ, системаи андозбандие, ки дар Тоҷикистон хеле сангин аст, ба ширкатҳои кӯчаку миёна имкон намедиҳад, шакар ворид карда рақобатро ба вуҷуд биоранд, то нарх пойин биояд. Бино ба омори расмӣ, тоҷир дар Тоҷикистон 80 дарсади даромадашро ба пардохти молиёту дигар пардохтҳо ва ҳамчунин пардохтҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла ришват масраф мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG