Пайвандҳои дастрасӣ

Аксарият аз болоравии қимати нархҳо ва вазъи ногувори худ дар соли 2011-ум шикоят мекунанд.

Бобои Қосим, як мӯйсафедест, ки дар кӯча мондааст. Фарзандонаш ӯро тарк кардаанд ва ӯ чанд сол аст, ки дар бозори «Шоҳмансур» боркашонӣ карда, ризқу рӯзӣ меёбад.

Бобои Қосим суоли моро дар бораи вазъи иҷтимоиаш дар соли 2011-умро дуруст дарк накарда, мустақиман ба тафсилоти хароҷоти рӯзмарраш гузашт:

10 -15 сомонӣ.

Суол: Оё кифоят мекунад?

Ҷавоб: Расад мерасад, нарасад не.

Суол: Чӣ мехӯред?

Ҷавоб: Чизе ёфтам мехӯрам, агар наёфтам, мегардам Худо гуфта.

Суол: Ҳамсояҳоятон кӯмак мекунанд?

Ҷавоб: Ҳамсояҳо ёрдам кунанд, мекунанд, накунанд, не.

Суол: Масалан, рӯзҳо чӣ мехӯред?

Ҷавоб: Нон! Дигар чӣ мехӯрӣ?

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аксарият аз болоравии қимати нархҳо ва вазъи ногувори худ шикоят дар соли 2011-ум мекунанд:

-«Масалан, ба харидани гӯшт зӯрам намерасад. Як бало карда, гаштаем. 12 хӯранда дорам»

-«Чор кӯдак аз худам аст, ду -тои дигар аз ҳеварам, ки фавтидааст, мондаанд. Вазъамон ногувор аст. Ман танҳо худам кор мекунам. Дигар ҳеҷ кас не.»

-«Ордро бинед, равғану бензинро бинед, дигар маводро бинед, ки дар бозор рӯз ба рӯз қимат мешаванд. Гӯшт қимат!».

Аммо Гулчеҳра, як деҳқонзан мегӯяд: «Масалан, гандум аз аввал қимат буд. Халқи мо зиёд шудааст. Бинед, қариб 8 миллион шудаем. Ҳама чӣ ҳаст, ҳама хуб аст. Ман худам деҳқон ва ба ман касе халал намерасонад.»

Омори расмӣ низ тамоюли муназзам боло рафтани қиматҳо дар Тоҷикистонро таъйид мекунад. Бар пояи маьлумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон нархи гӯшт - 35, равғани пахта - 25, биринҷ - 22, тухму сабзӣ - 21, шир - 20, картошка - 6, орд - 3,5 дарсад боло рафтааст.

Аз маводи хӯрока танҳо себ - 31 ва бехпиёз - 7 дарсад арзон шудааст. Аз молҳои ғайриозуқа - бензин - 57, керосин -24, семент -22, шими ҷинси бачагона - 18, рӯзномаву ҳафтавор - 10 дарсад қимат шудаанд.

Оҷонси омор мегӯяд, таруфаҳои хизмати пулакӣ барои мардум дар маҷмӯъ 9,2 дарсад боло рафтаанд, аз ҷумла пардохти хизмати партов - 30, нақлиёт - 25, роҳи оҳан - 20, маориф - 1, 6 дарсад афзудаанд.

Аммо омор бар афзоиши даромади аҳолӣ ҳам ишора мекунад, ки 6 дарсадро ташкил мекунад ва ҳам афзоиши ҳаққи музди меҳнат 33 дарсадро ташкил додааст.

Коршиносон мегӯянд, агар дарсадиҳои омор ба назар гирифта шавад, пас болоравии нархҳо дар кишвар набояд ба вазъи иҷтимоии мардум таъсири манфӣ дошта бошад.

Файзи Олӣ, аз созмони ҳуқуқӣ-иҷтимоии «Ҳомиён» мегӯяд, ҳукумат барои пур кардани буҷа ва баровардани хароҷоти фаъолияти ниҳодҳояш ба кисаи мардум такя мекунад ва ин маънои онро дорад, ки вазъи иҷтимоии мардум хуб намешавад: «Ба аҳволи он кас бояд гирист, ки дахлаш нуздаҳу харҷаш бист», гуфтаанд. Аммо харҷи мо на 20, балки 100 аст ва дахламон бамаротиб камтар аз ин. Ин нукта рӯшан аст, ки агар ҳамон маблағҳои муҳоҷирин аз хориҷи кишвар набошад, вазъи иҷтимоии мо, бахусус дар соли фишорҳои иқтисодии дохиливу хориҷӣ хеле ногувор мешуд. Маҳз ин омил далели пойдории давлатдорӣ шудааст. Ин қадар хароҷоте, ки мо дорем бар гардани ҳамон муҳоҷир аст.»

Афзоиши бесобиқаи маводи сӯхт, ки бар асари боло бурдани боҷи гумрукӣ аз сӯи Русия пеш омад ва ҳам фишорҳои иқтисодии ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Ӯзбакистонро коршиносон аз авомили хориҷие унвон мекунанд, ки ба вазъи иҷтимоии мардум таъсири амиқ гузоштааст.

Аммо Анвар Латифов, сарвари Раёсати микроиқтисодии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, имсол эҳтимолан рушди иқтисоди кишвар 7 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки бидуни шак, далели беҳ шудани вазъи иҷтимоии мардум хоҳад буд: «Аз рӯи ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ як дарсади рушд тақрибан 0,63 дарсади фақрро кам мекунад. Агар мо 10 дарсад рушд кунем, тахминан 6, 3 дарсад фақрро ҳам кам мекунем. Агар соли 2001 сатҳи камбизоатӣ 83 фоиз буд, имрӯз то 45 дарсад поин омадааст. Яъне мо 38 фоиз сатҳи фақрро поён овардем.»

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Аммо иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин аст, ки омори оромкунандаи расмӣ бозгӯи вазъи асосӣ нест:
«Таруфаҳои боркашонӣ дар дохили кишвар боло рафтааст. Қимати маводи ғизо рӯзафзун боло меравад. Картошкаву себро ҳатто аз Покистону Чин меорем. Сатҳи таваррум баланд мешавад. Ин ҳама ба кисаи мардум рабт мегирад. Аммо инҳо дар бораи аз фалон рақам ба фалон рақам коҳиш ёфтани нарху фақр мегӯянд.»

Коршиносон мегӯянд, новобаста ба хоҳишҳои мардум, ки бо ҳар роҳ тайи 20 соли ахир аз ҷанги дохилӣ баромад ва вазъи иҷтимоии худро беҳбуд бахшид, соли 2011 дар баробари тағйиротҳои геополитикву сиёсӣ, тамоюлҳои ҷиддии иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG