Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афсари вазорати дифоъ бо як кило ҳероин


Дар шарқи Тоҷикистон як афсари вазорати дифои Тоҷикистон ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шудааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод тайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, муовини фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи вазорати дифои Тоҷикистон капитан К.С-ро боздошт намуданд. Дар ҷараёни тафтиш аз ин афсар дар ҳаҷми як килограм ҳероин кашф ва мусодира шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин робита парванда боз шудааст. Боздошти ин афсари вазорати дифоъ дар шарқи Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар авоили моҳи январ дар шимоли Тоҷикистон як афсари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо рутбаи полковник низ ба гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида буд.
XS
SM
MD
LG