Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ бо Обама мулоқот мекунад


Имрӯз, 30 январ, дар Брюссел нишасти ғайрирасмии аъзои Шӯрои Аврупо доир мешавад. Имрӯз дар Маскав нишасти мақомоти аршади АПЕК – Созмони ҳамкории кишварҳои Осиё ва Уқёнусия ва дар Исроил анҷумани солонаи Ҳерзлия, ки онро Давоси Ховари Миёна ҳам ном мебаранд, оғоз ба кор мекунанд. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ имрӯз дар Кохи Сафед бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама дидор хоҳад кард. Имрӯз сафари дурӯзаи вазири хориҷаи Қазоқистон Ержан Қозихонов ба Амрико шурӯъ хоҳад шуд. Ва дуруст 10 сол пеш – 30 январи соли 2002 - Радиои Афғонистони Озод – бахши дарӣ ва паштуи Радиои Озодӣ ба пахши барномаҳояш оғоз кард.
XS
SM
MD
LG