Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ин ҷавонро мешиносед?


Муҳоҷири ҷавони тоҷик

Муҳоҷири ҷавони тоҷик

Муҳоҷире, ки мавриди ҳамлаи миллатгароҳои рус қарор гирифта ва навори видеоияш нигарониҳоро ба бор оварда буд, ҳанӯз пайдо нашудааст.

Муфаттиш Юшенко Павел гуфтааст, баъзе аз доираҳои миллатгароёни гумонбар дар ин қазия маълум карда шуд, аммо пайдо нагардидани ҷабрдида метавонад корро душвортар намояд.

Аз ин рӯ, сафорати Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, то дар бораи шаҳрванди ҷабрдидаи Тоҷикистон агар иттилое дошта бошанд, пешниҳод намоянд.

Дар оғози соли гузашта дар Интернет наворе пайдо шуд, ки як тоҷике ҳадафи зарбаҳои ваҳшиёнаи ҷавонҳои рус қарор гирифта, аз онҳо хоҳиш мекунад, бераҳмӣ накунанд.

Вале русҳо бо кароҳат ӯро ҳушдор медиҳанд, ки ба онҳо даст нарасонад ва агар худашро ба рӯдхона напартояд, ӯро хоҳанд кушт.

Дар оғози навор яке аз нажодпарастон, ки худро “натсионал-сотсиалистҳои рус” меноманд, бо санги калоне ба сари тоҷик, ки рӯйи алафҳо афтодааст, мезанад ва фиғони муҳоҷир баланд мешавад. Танҳо пайдо шудани афроде дар наздикии ҷои воқеа тоҷик метавонад, онҳоро ба кӯмак хоста, фирор кунад.

Он замон Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия нота ё ёддошти эътирозиеро ҳамроҳ бо навори дар Интернет паҳншуда фиристода ва хостори таҳқиқи қазия шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG