Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Брейвик"-ҳо аз кӣ илҳом мегиранд?


Андерс Брейвик, тирандози норвежӣ дар ёддоштҳои қабл аз амалҳои террористии худ навиштааст, ки Путин як раҳбари одил, қотеъ ва сазовори эҳтиром аст.

Баъд аз ин иқдом, Марио Боргезио, вакили парлумони Аврупо аз Итолиё дар изҳороте гуфтааст, ки иқдоми Брейвик маҳкум аст, аммо андешаҳои ӯ дар мавриди наҷоти Аврупо аз таҳоҷуми фарҳангии мусалмонон ва фарҳанги коммунистӣ қобили таваҷҷӯҳ аст.

НИГАРОНӢ АЗ ЗУҲУРИ БЕШТАРИ МИЛЛАТГАРОҲО

Ин ҳама дар ҳоле раду бадал мешавад, ки Тоҷикистон ахиран ба далели нашри навори лату кӯби як шаҳрванди худ тавассути миллатгароёни рус, ба мақомоти Кремл эътироз фиристодааст. Дар маҷмӯъ зуҳуроти ахири миллатгароӣ боиси афзоиши нигаронӣ Тоҷикистон шудааст, ки камобеш яку ним миллион шаҳравандаш дар Русия ба сар мебарад.

Нашри афкори нажодпарастона ва миллатгароёнаи Андерс Брейвик, тирандози норвежӣ баъди амали одамкушии ӯ бештар нигарониҳо аз афзоиши зуҳуроти миллатгароӣ дар Аврупо ва Русияро доман задааст. Нашри навори азияти як тоҷик тавассути миллагароҳои рус ба думболи куштори Брейвик ба ин нигарониҳо афзудааст. Мақомоти Тоҷикистон афзоиши унсурҳои миллагароӣ дар ҳодисаи Норвегияро диданд ва онро нигаронкунанда унвон намуданд ва роҷеъ ба нашри навори латукӯби шаҳрванди худ дар Русия низ ба мақомоти он кишвар номаи эътирозӣ фиристоданд.

ПАЁМАДИ ҲАМРАЪЙИ БО МИЛЛАТГАРОҲО ЧИСТ?

Аммо ҳамараъии бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ ба нерӯҳои миллатгаро чӣ паёмад хоҳад дошт ва чаро ин гурӯҳҳо дар симои бархе аз сиёсатмадорон назири Путин пуштибонро меҷӯянд?

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик мегӯяд, арзишҳои ҷомеаи аврупоӣ собит аст ва амалкарди ин гурӯҳҳо наметавонад онро тағйир диҳад, аммо амалкардҳо баъзан иштибоҳи сиёсатмадорони ҷудогона метавонад илҳомбахши ин гурӯҳҳо шавад. Ӯ қабл аз ҳама аз афзоиши миллатгароӣ дар Русия ба далели равобити танготанг бо он кишвар бояд нигарон буд.

"Бо мусоидати Путин ҳаракати ҷавонони Русия таҳти номи "Наши" таъсис шуд. Ин иқдоми хато аст. Ин тақсим кардани ҷомеа ба мо ва Шумост. Инҳо ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ ва интихобот ин корро мекунанд, аммо оқибати бади иҷтимоӣ дорад",-афзуд Ойниҳол Бобоназарова.

Нашри навори озору азияти як тоҷик тавассути миллатгароҳои рус ба гуфтаи Мусо Асозода, таҳлилгари тоҷик ба ин нигарониҳо бештар афзудааст. Зеро Тоҷикистон бештар аз як миллион муҳоҷир дар Русия дорад. Ва зуҳуроти миллатгароӣ хилофи арзишҳои муштараки демократист, ҳаққи муҳоҷиронро нақз мекунад ва мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.

Оқои Асозода мегӯяд: "Миллатгароён мехоҳанд миллати худашонро дар дохили кишвари худ аз ворид шудани миллатҳои дигар солим нигаҳ доранд. Солим нигаҳ
Мусо Асозода, таҳлилгари тоҷик

доштанро онҳо дар ин мебинанд, ки бояд ягон миллати дигар дар ҳудуди давлатҳои онҳо бояд кору фаъолият накунад ва ин боиси нигаронии ҳама қишрҳои ҷомеа феълан демократӣ бояд бошад. Мо низ, ки феълан дар Русия муҳоҷирони зиёди меҳнатӣ дорем, аз он нигаронӣ дорем, ки ҳамин тамоюл дар Русия бештар гашта истодааст."

ПУТИН- РАҲБАРИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТГАРОЁН?

Аммо далели таваҷҷӯҳи ин гурӯҳҳо ва тавре мушоҳида мешавад на танҳо миллатгароҳои рус, балки аврупоӣ ба сиёсатмадорони хос, назири Владимир Путин дар чист? Ва оё ин гуна изҳори назарҳо назири баёнияи Брейвик роҷеъ ба ӯ ба маънои он аст, ки ин гуна ашхос мехоҳанд дар симои чунин раҳбарон пуштибони худро пайдо кунанд?

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Пахш намудани ҷунбишҳои озодихоҳӣ дар Чеченистон ва Қавказ натиҷаи фаъолият худ Путин аст ва дар симои Путин ин гурӯҳҳо ва шахсиятҳои назири Брейвик як
Парвиз Муллоҷонов,таҳлилгари тоҷик

намунаро мебинанд, ки дар оянда шояд чунин сиёсат нисбати мусалмонони Аврупо низ пеш гирифта шавад.»

Аммо Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ба сурати умумӣ на миллатгароҳои рус ва ё аврупоӣ ва на Путин ва ё вакилони парлумони аврупоӣ дар ин моваро гуноҳе надоранд. Балки муҳоҷирситезӣ ва исломситезӣ дар Русия ва Аврупо мушкили дар воқеъ қавмҳои муҳоҷир аст, ки бо фарҳанги худ таҳдиде барои фарҳанги аврупоӣ ҳастанд.

МУҲОҶИРСИТЕЗӢ ДАР АВРУПО АФЗУДААСТ

Аммо полиси Норвегия гуфтааст, бо вуҷуде аз осори мактуби Брейвик пайдост, ки ақидаи мусулмонситезӣ дорад, аммо ҳанӯз тайд нашудааст, ангезаи ин рафтораш, яъне куштани инсонҳо низ дар заминаи ҳамин тафаккураш сурат гирифтааст ё хайр.

Аммо он чӣ мусаллам аст, ин аст, ки рӯзона даҳҳо нафар дар Русия мавриди озору азияти ҷавонони миллатгарои рус қарор мегиранд. Ва коре, ки кишварҳои муҳоҷирфирист назири Тоҷикистон дар муқобили ин метавонанд анҷом диҳанд, ҳоло танҳо изҳори нигаронӣ аст.
XS
SM
MD
LG