Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоссарҳои рус бо супориши хоҷагонашон амал мекунанд»


Музаффар Соҳибов, як донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия аст, ки дар натиҷаи ҳамлаи 15 сартарошидаи рус ҷароҳат бардоштааст.

Музаффар мегӯяд, як гурӯҳ ӯву дӯсташро дар роҳи бозгашт аз донишгоҳ бо баҳонаи сигорпурсӣ манъ ва чунон лату кӯб карданд, ки се шабонарӯз дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Музаффар афзуд, ин гурӯҳи қавмгаро тайи чанд рӯз ҳадафмандона роҳи онҳоро мепоидааст: «Тоссарҳои рус бо супориши махсуси мансабдоронгашон амал мекунанд. Аз зарби лату кӯби онҳо дар рӯи ман осори захм мондааст ва баданам ҳам сахт лат хӯрда буд, ки бо сабаби табобати нағз гирифтан шифо ёфт».

Ба гуфтаи Музаффар Соҳибов, дар Донишгоҳи Санкт-Петербург тақрибан 30 тоҷик таҳсил мекунад ва онҳо чандин бор бо талаби ҳимояти худ аз чунин ҳамалоти гурӯҳҳои қавмгаро ба ниҳодҳои қудратию ҳуқуқии Руссия муроҷиат кардаанд, вале то ҳол бенатиҷа. Музаффар мегӯяд, аз ин гуна муроҷиатҳо хаста шуда, билохира худ дар ҷустуҷӯи ин ҷавонони ба истилоҳ сартарошида ё тоссар шудаанд: «Ман худам бо як тоссари собиқ дӯстӣ дорам, ки он аз корҳои фармоишие, ки пеш нисбати мо мекард, пушаймон аст ва он лаҳзаҳои ҷоҳилиаш ба хотир оянд, ҳатто гиря ҳам мекунад».

Музаффар мӯтақид аст, ки доираҳои манфиатдор дар Русия ба фаъолияти чунин гурӯҳҳои қавмгаро ҳадафмандона мусоидат мекунанд. Аммо Умедҷон, як ҷавони муҳоҷири дигари тоҷик дар Русия мегӯяд, вақте дар худи Тоҷикистон ба қадри тоҷик намерасанд, аз Русия чӣ ҷои гила? Ӯ афзуд: «Даҳ сол мешавад, дар Руссия муҳоҷирем. Баъд дар ин ҷо ҳам кор нест. Ба 300-400 сомонӣ кӣ кор мекунад. Мо дар як оила 11-12 нафарем. Ба ин қадар пул зиндагӣ карда намешавад. 6-7 хоҳар, 2-3 бародар, 3-4 донишӯ дорем, ки ҳамаи онҳоро хӯрондану пӯшондан лозим аст».

Сабаби дигари инро Умедҷон дар ноиттифоқии худи муҳоҷирони дар Русия буда, медонад, ки якдигарро фиреб медиҳанд.

Вале Ҷовид Расулов, як донишҷӯи дигар мегӯяд, дар вақти дар Маскав зиндагӣ карданаш, борҳо мушоҳида намудааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар вақти дастмузди худро гирифтан ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ меоянд. Расулов афзуд, чандин муҳоҷирро медонад, ки дар мавриди талаб кардани дастмузди худ аз ҷониби хоҷаи корфармои русаш мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ба қавли Расулов шояд даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик аз тарафи чунин хоҷагон нобуд карда шудаанд, ки пайвандони онҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, фарзандонамон ба Руссия рафта, тайи 5-6 сол аст, бедараканд. Расулов афзуд: «Аслан он маош ва музде, ки муҳоҷирон дар Руссия мегиранд, ба маоши ҳадди ақалли русҳо баробар нест. Ҳаминро ҳам кӯшиш мекунанд, дер диҳанд ва ё тамоман надиҳанд».

Дар ҳамин росто Хуҷамурод Қудусов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, мушкили муҳоҷирон бояд ҳарчи зудтар дар сатҳи сиёсии ду кишвар, Тоҷикистон ва Русия матраҳ шуда ва барои аз миён бурдани он нуқта гузошта шавад. Зеро ба қавли Қуддусов, ин камбудиҳо метавонанд, низоъҳои аз ин ҳам печидатарро миёни муҳоҷирону тоссарҳо дар Руссия ба вуҷуд орад. Қуддусов афзуд: «Ҳадафи асосии муҳоҷир шудан ин қонеъ нагардидани талаботҳои инсон аз тарафи ҷомеа ва давлат аст. Ва боз аз миён бурданаш ҳам аз давлату давлатдорӣ сахт вобаста аст ва аҳамияти калон дорад».

Омори расмии шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 700 000 муайян шудааст, аммо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ шумори онҳоро беш аз 1 миллион рақам задаанд, ки тайи солҳои ахир иддае аз онҳо аз зарби корд ва латукӯби тоссарҳои рус ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG