Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи муҳоҷири латукӯбшуда


Чанде аз корбарони сомонаи Озодӣ хабар доданд, ки чеҳраи ҷавони тоҷикеро шинохтаанд, ки аз сӯйи миллатгароёни рус мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Ин саҳнаи шиканҷаи муҳоҷири корӣ ахиран дар сомонаи ютюб нашр гардид ва вокунишҳои зиддунақизеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард. Кор ба ҷое расид, ки вазорати корҳои дохилӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба унвони мақомоти давлати Русия дар робита ба қазияи мазкур нота ирсол карданд.

Радиои Озодӣ ҳам тавассути сомонаи худ акси ҷавони таъзибшударо нашр карда, аз шунавандагон ва хонандаҳо хоста буд, дар муайянсозии ҳуввияти ӯ мусоидат кунанд. Ахиран чанд нафар дар тамос бо Озодӣ гуфтанд, ки дар акс сокини деҳаи «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритус Давлат Уроқович Хӯҷамуродовро шинохтаанд.

Рӯзе пеш муовини раиси ҷамоати деҳоти «Сайёд» Исмоил Зоғаков дар як
Акси Давлат Хӯҷамуродов, сокини деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус(акс тавассути мобайл гирифта шудааст)

тамоси телефонӣ тасдиқ кард, ки дарвоқеъ шаҳрванде бо номи Давлат Хӯҷамуродов дар рустои «Сайёд» соҳиби манзил аст, аммо азбаски ҳоло дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад, аз сарнавишти ӯ иттилоъе рӯйи даст надорад.

Бо супориши идораи радио хабарнигори Озодӣ ба суроғи пайвандони Давлат Хӯҷамуродов ба деҳаи «Сайёд» рафт, ки дар 130-километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, ниҳоятан манзили зисти Давлат Хӯҷамуродов, ки ба назар оддию гилин ва начандон боҳашамат менамуд, пайдо гардид. Аз пушти дарвозаи кабуди оҳанӣ, ҷавоне ба истиқбол баромада, худро писари бузурги Давлат Хӯҷамуродов муаррифӣ кард. Ин ҷавон Муҳибуллои 23-сола, соҳиби фарзанд ҳам будааст, яъне Давлат Хӯҷамуродов бобои наберадор будааст.

Аммо дар навори видеоӣ, ҷавони зоҳиран 25-30-солае намудор буд, ки зинҳор ба Давлат Хӯҷамуродови 46-сола монанд нест. Муҳибулло гуфт, чанд ҳафта қабл аз Русия, ки он ҷо ҳамроҳ бо падару модараш будубош мекард, баргашт. Вай аз сарусадоҳои интернетӣ дар мавриди ин, ки гӯё падари ӯ мавриди ҳамлаи тоссарҳо, ё ба қавле «натсионал-сотсиалистҳо» қарор гирифтааст шигифтзада шуду ҳамон лаҳза ба падари муҳоҷираш телефон кард.

Муҳибулло гуфт: "Ҳамин хел ҳодиса шудаст гуфтанд. Ҳарчанд дирӯз бо падарам телефонӣ сӯҳбат карда будам, хавотир шуда, ҳоло боз занг задам.
Муҳибулло, писари Давлат Хӯҷамуродов

Шукри Худо, ҳамааш тинҷ. Падари ман дар ҳақиқат Хӯҷамуродов Давлатшо Уроқович ном доранд. Лекин он кас ҷавон нестанд, он гуна ки шумо мегӯед. Ҳоло пурсидам, ягон ҳодиса сар назадааст. Додарам нав як моҳ шуд, ки ба назди падарам рафт ба муҳоҷирати корӣ. Падарам ҳамроҳи модарам рафтаанд ба Русия. Мо дар оила ҳафт фарзандем ва яқинан, падари ман на он нафар аст, ки дар интернету дигар ҷойҳо овозаҳо кардаанд. Падарам қариб 10 сол аст, ки дар Русия будубош дорад."

Озодӣ: Оё ягон дафъа ҳодисае нашудааст, ки фаразан, ҳуқуқи падаратон он ҷо поймол шуда бошад, ё таҳқир шунида бошад, ё шумо хабар надоред?

Ҷавоб: Не, чунин нашудааст. Ман худам чанд сол бо падарам дар он ҷо кор мекардам. Нав як моҳ шуд, ки аз пешаш баргаштам. Якҷоя ба кор мерафтему бармегаштем ба хонаи иҷоравӣ. Оилавӣ рафта будем, бо падару модарам, амаку тағоҳоям. Ҳеҷ имкон надорад, ки падарам латукӯб шуда бошад…

Дар ҳамин ҳол, Рӯзибой Очилдиев, раиси маҳаллаи «Сайёд», ба радиои Озодӣ гуфт, бо хонаводаи Давлат Хӯҷамуродов бахубӣ ошност ва сарусадоҳо дар мавриди ин, ки исми ҷавони латукӯбшуда дар навори
Рӯзибой Очилдиев, раиси маҳаллаи «Сайёд»,

нашргардидаи интернетӣ низ гӯё Давлат Уроқович буда ва ӯ сокини деҳаи «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритус мебошад, комилан беасос аст: "Дар маҳаллаи мо бо ҳамин ному фамилия ҳаст одаме, ки зиндагӣ мекунад, аҳли хонаводааш ҳамин ҷоянд. Лекин ҳамдеҳаи мо ба он сурате, ки нишон додем, аслан монанд нест. Дар сурат мо ҷавонеро мебинем, аммо Давлат 46-сола аст, фарзандони калон дорад, келину набера дорад. Шояд ҷавони дар аксбуда ҳамсоли фарзандони Давлат бошанд. Вай ҳамроҳи ҳамсараш ҳоло дар коргоҳе дар Химкии Маскав кору зиндагӣ мекунанд. Се-чор сол боз дар муҳоҷират ҳастанд, меоянду мераванд, тӯй ва маъракаҳо мекунанд. Одамони хуб ҳастанд, одамони боодобу маданӣ ҳастанд."

Озодӣ: Ҳоло акси ин ҷавони латукӯбшударо дидед. Ба мо иттилоъ расид, ки гӯё вай сокини ҳамин деҳа будааст. Оё дар маҳаллаи шумо ҷавононе ҳастанд, ки зоҳиран шабоҳат дошта бошанд ба ӯ?

Ҷавоб: Не, дар ин маҳаллаи мо ин хел ҷавон нест. Ба касе монанд нест. Дар маҳаллаи мо беш аз 850 оила ва беш аз 5000 одам зиндагӣ мекунанд, ҳамаашонро мешиносам, ҳамаашонро медонам. Мутмаинам, ки ин хел ҷавон дар маҳаллаи мо нест.

Ба иддаои Муҳибулло, писари Давлат Хӯҷамуродов, ки низ панҷ соли умри худро дар кишвари муҳоҷират пушти сар кардааст, ҳеҷ нафар аз пайвандон ё ақрабои дураш ҳам зоҳиран ба ҷавоне шабоҳат надорад, ки аксаш дар интернет нашр шуда ва гуфта мешавад, ҳамноми падари ӯст:
«Ман ин ҷавонро дар ягон ҷо надидаам. Дар қишлоқи мо ин хел одам нест. Дар миёни хешу таборамон ҳам касе ба ин ҷавон монанд нест. Хешу таборамонро ҳам занг зада пурсидам, ҳамаашон кор карда
Манзили Давлат Хӯҷамуродов дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус

истодаанд, тинҷанд. Аммо ба ин ҷавон раҳмам омад. Ҳоло, ки ӯро ҳамноми падари ман мегӯянд, бисёр мехостем, ки аниқ кунанд, ки вай кист? Чаро номи падари маро ба ӯ додаанд? Чӣ иртиботе дорад вай бо падарам? Ин ҳол моро хеле дар ташвиш овардааст…»

Вай афзуд, тамошои навори латукӯби муҳоҷирбачае дар сомонаи ютюб ӯро хеле нороҳат кардааст ва аз мақомот мехоҳад ҳуввияти ин ҷавони ҷабрдидаро базудӣ рӯшан намоянд. Ба гуфтаи Муҳибулло, падараш Давлат Хӯҷамуродов ҳам бо шунидани ин хабар, ки тоҷикписаре ҳамноми ӯ ҳадафи зарбаҳои ваҳшиёнаи миллатгароёни рус қарор гирифтааст, маъюс шудааст.

Видеои латукӯб шудани ҷавони муҳоҷир дар Русия ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ мавриди баҳс аст, аммо то ҳанӯз ҳуввияти ӯ шиносоӣ нашудааст.

Мақомоти давлати Тоҷикистон ва низ радиои Озодӣ ҳоло дар ҷустуҷӯи ӯянд.
XS
SM
MD
LG