Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби М. Сайдар пас аз даргузашташ ба чоп расид


Муҳаммадраҳими Сайдар
Муҳаммадраҳими Сайдар
Рӯзи ҷумъа дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон китоби маҷмӯаи ҳикоёт ва гузоришҳои рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар бо номи “Гаҳвораи ноз” дар маҳфиле муаррифӣ шуд. Маҳфил ба 60-ӯмин солгарди ин нависанда ва рӯзноманигори чирадаст ихтисос дошт. Сайдар бештар аз 8 сол аз Маскав барои бахши тоҷикии радиои Озодӣ гузориш таҳия мекард. Аксари гузориҳои вай ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро дар бар мегирфт. Дар чопи ин китоб бахши тоҷикии радиои Озодӣ кӯмак кардааст. Сайдар 3-юми январи соли 2010 дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Тулаи Русия аз бемории шадиди қанд даргузашт.
XS
SM
MD
LG