Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз киштии Costa Concordia як ҷасади дигар пайдо карданд


Киштии Costa Concordia
Киштии Costa Concordia
Бино ба гузоришҳо, кормандони наҷот аз киштии сайёҳии Италия бо номи Costa Concordia боз як ҷасади дигар пайдо кардаанд. Бад-ин тариқ шумораи кушташудагон ба 7 нафар расидааст. Қабл аз пайдо кардани ин ҷасад муҳофизони соҳил гуфта буданд, ки 29 нафар бедарак мебошанд. Аз онҳо 25 нафар сайёҳон ва 4 нафар кормандони киштӣ будаанд. 13 январ киштии Costa Concordiaдар наздикии соҳил дар обҳои Италия ба кӯҳпораи зериобӣ бархӯрд ва ба паҳлӯ афтод. Аз афроди бедаракшуда 10 нафар шаҳрвандони Олмон будаанд.
XS
SM
MD
LG