Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеяки ҳукми падари Алии Бедакиро кам кардаанд


Алии Бедакӣ (Акс аз бойгонӣ)
Алии Бедакӣ (Акс аз бойгонӣ)
Сеяки ҳукми падари Алии Бедакиро бар асоси қонуни афв коҳиш додаанд. Раиси иҷлоси низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторов аммо гуфт, ки додгоҳ зимни бозбинӣ ҳукми Музаффар Давлатови 73-соларо ба сурати умум бетағйир боқӣ гузошт. Давлатов дар ноябри соли гузашта бо ҷурми ин ки ба мақомот аз аъмоли писараш хабар надод, ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳамроҳ бо ӯ 28 тани дигар ҳам бо ҷурми ширкат дар нооромиҳои водии Рашт аз 2 то 30 сол ҳукм гирифтанд. Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки ба ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлат айбдор мешуд, як сол пеш дар як ҳолати то ҳол мармуз кушта шуд. Бародари ӯ Ҳусниддин Давлатов низ бо ҷурми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG