Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон хариди нафт аз Эронро камтар мекунад


Дар акс: Ҷун Азумӣ, вазири молияи Ҷопон бо ҳамтои амрикоияш Тимотӣ Гейтнер. Токио
Дар акс: Ҷун Азумӣ, вазири молияи Ҷопон бо ҳамтои амрикоияш Тимотӣ Гейтнер. Токио

Ҷопон гуфт, бо риояти муқаррароти таҳримоти Амрико алайҳи Эрон хариди нафти хом аз ин кишварро камтар хоҳад кард.

Ҷун Азумӣ, вазири молияи Ҷопон, дар ин бора дар шаҳри Токио дар як нишасти хабарии муштарак бо Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, "барномаи ҳастаии Эрон чизест, ҷаҳон наметавонад нодида бигирад ва мо мавзеъгирии Амрикоро мефаҳмем. Мо қасд дорем, ҳиссаи даҳ дар садии воридоти нафт аз Эронро бо равишҳои мушаххас ва ба тадриҷ кам кунем."

Ҷопон тақрибан 10 дарсади нафти воридотиашро аз Эрон мехарад. Амрико бинобар барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав эълон карда ва аз кишварҳои дигар хостааст, ба он пайравӣ кунанд.

Пеш аз ин, бархе аз дипломатҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки дар масъалаи таҳрими хариди нафти хом аз Эрон ба тавофуқи муқаддамотӣ ё аввалия даст ёфтаанд.

Ҷузъиёти ин созиш дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мегардад.

Дар сурати даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти Эрон, фишор ба иқтисоди бемори ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт, чун 50 дарсади даромади буҷаи давлатии Эрон аз ҳисоби фурӯши нафт аст ва бештар аз 17 дарсади нафти Эронро кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехаранд.

Аммо ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти кишвар, ҳеҷ паёмади манфие нахоҳад дошт, зеро дар бозорҳои Осиё ба мисли Ҳинду Чин харидор хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG