Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нав алайҳи 180 ширкат ва шаҳрванди Эрон


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИА дар мавриди эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон ба тавофуқ расиданд.

Таҳримҳои нави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) - вокуниш ба ҳамлаи донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ ба бинои сафорати Бритониё дар шаҳри Теҳрон унвон шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Иттиҳодияи Аврупо бинобар сарпечии Эрон аз талаби қатъи фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаӣ алайҳи 180 ширкат ва шаҳрванди он кишвар таҳрим эъмол кард. Ҳисобҳои бонкии онҳо дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мунҷамид ва сафари онҳо ба ин қора мамнӯъ мешавад.

Аммо вазирони умури хориҷии Итиҳодияи аврупо дар маврди эълони эмбарго ба содироти нафти ба созиш нарасидаанд, зеро Юнон, як муштарии аслии аслии нафти Эрон, ба ин пешниҳод мухолифат намуд. Аз ин пеш дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон 35 фарди алоҳида ва 215 муассиса таҳрим ва 61 тан аз мақомдорони эронӣ барои нақзи ҳуқуқи башар ба “рӯйхати сиёҳ”-и Иттиҳодияи Аврупо шомил будаанд.

Вилям Ҳейг, вазири умри хориҷии Бритониё, қабл аз шурӯи нишасти Брюссел гуфт, "мо чораҳои иловагӣ дар баробари Эронро ҳам баррасӣ мекунем. Иттиҳодияи Аврупо аллакай чораҳо андешидааст, вале чораҳои иловагӣ, ки умедворам, мо муҳокима хоҳем кард – ба афзоиши фишори иқтисодӣ болои Эрон – ба фишори иқтисодии мусолиматомезу қонунӣ – меоварад ва ҳадафи он бештар дар инзивоъ қарор додани бахши молиявии Эрон аст."

Рӯзи сешанбе донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ баъд аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави зиддиэронии Лондон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карда, шишаҳои биноро шикастанд ва мошинҳову парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.

Дар вокуниш ба ин ҳукумати Бритониё дар бораи аз Теҳрон берун овардани дипломатҳояш хабар дод ва эълом дошт, ки сафорати Эрон дар Лондон баста мешавад. Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, ки ба кормандони сафорати Эрон 48 соат вақт дода шудааст, то ки ба ватан баргарданд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки бо ҳамла ба сафорати Бритониё ҳеҷ иртибот надорад ва талош карданд то аз бедодгариҳои бештари эътирозгарон ҷилавгирӣ кунанд. Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон ғазаби донишҷӯёни муҳофизакорро бо “даҳҳо сол рафтори худсаронаи Амрикову Бритониё” марбут кард. Ӯ тасмими Шӯрои Амнияти СММ дар бораи маҳкум кардани ҳамла ба сафорати Бритониёро “осемасарона” хонд.

Ҳамла ба бинои дипломатии Бритониё дар Теҳронро ИМА, Русия ва чанд кишвари дигар ин ҳамларо маҳкум карданд. Фаронса, Олмон ва Норвегия сафирони худро аз Эрон фаро хонда сафоратхонаҳояшон дар Теҳронро муваққатан бастаанд.
XS
SM
MD
LG