Пайвандҳои дастрасӣ

"Эрон талош кардааст силоҳи атомӣ бисозад"


Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ

Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ саранҷом гузориши нави худро дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон нашр кард.

Дар он гуфта шудааст, Эрон озмоишҳои пинҳоние анҷом медиҳад, ки ҳадафи он тавлиди бомби атомист.

Дар ин гузориши деринтизори Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ омадааст, “ёфтаҳо нишон медиҳад, ки “Эрон фаъолиятҳои вобаста ба абзори таркандаи атомиро” анҷом додааст ва мумкин аст, ингуна фаъолиятҳо ҳанӯз ҳам идома дошта бошанд. Дар гузориш омадааст, шояд баъзе аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аҳдофи сулҳомез дошта бошанд, аммо бархе аз фаъолиятҳои дигари кишвар вижаи сохти силоҳи атомист.

ЭРОН: “ГУЗОРИШ ҒАЙРИҲИРФАӢ БУД”

Аммо давлати Эрон ин гузоришро рад кард ва Алӣ Асғар Султония, фиристодаи Теҳрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ онро “ғайримутавозин, ғайриҳирфаӣ ва сиёсӣ” хонд. Оҷонси мазкур 10 сол боз барномаҳои атомии Эронро таҳқиқ мекард ва бори аввал аст, ки бо чунин лаҳн ва ошкор мегӯяд, Эрон сари сохти бомби атомӣ кор кардааст.

Алӣ Асғар Султония,фиристодаи Теҳрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ

Алӣ Асғар Султония,фиристодаи Теҳрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ

Созмони Милал борҳо аз Эрон хоста буд, фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад ва барои сарпечӣ аз иҷрои ин талаб низ чаҳор маротиба алайҳи Эрон таҳрим эъмол кардааст. Дар гузориши Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфта нашудааст, ки талошҳои Эрон барои сохти бомби атомӣ то куҷо расидааст, вале ба ин маворид таъкид шудааст: “Харидҳои пинҳонии таҷҳизот ва иттилоъоти марбут ба тарҳҳое, ки барои сохтани силоҳҳои атомӣ лозим аст, озмоиши маводи таркандаи бисёр қавӣ, моделҳои компютерии марбут ба кулоҳакҳои атомӣ ва корҳои муқаддамотӣ барои озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ.”

Юкиа Амано мудири Оҷонс гуфт, дар таҳияи гузориш ба бештар аз як ҳазор саҳифа матолиби иттилоотиву гузоришҳо такя шудааст, ки пажӯҳишҳо ва озмоишҳо дар заминаи сохти силоҳи атомиро нишон медиҳанд. Пеш аз нашри ин гузориш Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии кишвараш гуфт, Юкиа Амано, “чаҳор коғазеро пешкаш мекунад, ки мақомоти амрикоӣ ба ӯ додаанд”.

Маҳмуди Аҳмадинажод таъкид кард, ки Эрон қасди сохти бомби атомӣ надорад ва барномаҳои ҳастаиашро ҳам мутаввақиф нахоҳад кард. Русия аз нашри оммавии ин гузориш интиқод кард ва гуфт, ин кор ба имкони ҳалли дипломатии бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон латма мезанад.

ИСРОИЛ "НИГАРОН" АСТ ВА "ТАҲДИД" ҲАМ МЕКУНАД...

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, то замони омӯзиши гузориш, дар ин замина шарҳе нахоҳад дод.

Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил

Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил

Худи мақомоти Эрон дар чандин рӯзи қабл аз нашри гузориш, иддаоҳои мавҷуд дар онро рад мекарданд. Аз ҷумла Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон тамоми ин қазияро сиёсӣ хонда буд.

Сухангӯи нахуствазири Исроил, гуфт, кишвараш вокуниши билофосилае дар робита ба гузориш надоранд. Аммо қабл аз нашри гузориш Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил гуфта буд, ҳамла ба таъсисоти атомии Эронро сарфи назар намекунанд. Ин бори дуввум буд, ки мақомоти Исроил дар як ҳафта доир ба эҳтимоли ҳамла ба Эрон сухан гуфтанд. Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил рӯзи 5 ноябр гуфт, “эҳтимоли ҳамла ба Эрон бештару бештар мешавад.”

Қарор аст, 35 узви шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзҳои 17 ва 18 ноябр гузориши нав доир ба барномаҳои атомии Эронро дар ҷаласаи худ дар шаҳри Вена баррасӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG