Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Гроссман ба Осиёи Марказӣ. Ҳадаф Тошканд?


Марк Гроссман, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон

Марк Гроссман, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон

Намояндаи хоси ИМА дар умури Афғонистону Покистон, Марк Гроссман, бо сафари чоррӯза ба Душанбе хоҳад омад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, сафари Гроссман рӯзи панҷуми октябр оғоз шуда, то 9 октябр идома хоҳад кард. Вале дар бораи ҷузъиёти сафари намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон чизе гуфта намешавад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабари Вазорати умури хориҷии Амрико Марк Гроссман дар баробари Тоҷикистон аз Қирғизистону Қазоқистон, Туркманистону Узбакистон ва ҳамчунин Афғонистону Покистон низ боздид анҷом хоҳад дод.

Бо ин ҳол, ин дуввумин сафари Марк Гроссман ба Тоҷикистон аз замони таъйин шуданаш ба мақоми фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонситону Покистон аст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ низ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омада ва бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва мақомҳои дигари баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ карда буд.

Вале ин сафари Гроссман ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки равобити Вашингтону Исломбод тира шуда, Амрико мехоҳад бо Узбакистон "равобити дӯстона" барқарор кунад. Иёлоти Муттаҳида соли 2004 ба далели бад шудан вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон аз ин кишвари Осиёи Марказӣ рӯй гардонда буд, вале ҳоло дубора ба он рӯй меоварад.

Соҳибназарон мегӯянд, Амрико дар ҳоли ҳозир ҷойгузини Покистонро ҷустуҷӯ дорад, ки он бидуни шак Узбакистон аст. Онҳо мегӯянд, барои бозгашти Амрико ба роҳҳои икмолотии Узбакистон, Вашингтон бояд аввал тӯҳфае биёрад. Биноан, Сенати Иёлоти Муттаҳида рӯзи 22-юми сентябр бо дархости ҳукумати Обама таҳрими фурӯши силоҳ ва кӯмаки ҳарбӣ ба Узбакистонро бекор кард.

Ин таҳримҳо дар соли 2004 зимни нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон эълон шудаанд. Аз он вақт то ҳоло дар мурооти ҳуқуқи инсон дар Узбакистон тағйири муҳиме ба амал наомадааст. Аммо лағви таҳрим акнун имкон медиҳад, ки масъалаи ҳамкории ҳарбӣ бо Узбакистон ба як бахши хароҷоти хориҷӣ табдил ёбад. Қарор аст, ин тарҳ охири сол дар Конгресси Амрико баррасӣ ва тасвиб шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG