Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сонсури вожаи "доллар" дар телефонҳои Эрон


Корбарони телефонҳои мобил дар Эрон мегӯянд, ки номаҳои телефониеро, ки вожаи “доллар” дорад, масдуд мекунанд. Ин дар пайи уфти башиддати қурби риёли эронист, ки назар ба қурби расмӣ якуним баробар боло рафта, ба 18 000 риёл барои як доллар расидааст. Уфти қурби риёл дар пайи тасвиби таҳримот алайҳи Бонки марказии Эрон аз сӯи президенти Амрико Барак Обама дар таърихи 31 декабр аст. Матбуоти Эрон, аз ҷумла нашрияи “Шарқ” навишт, ки тамоми матнҳое, ки вожаи “доллар” доранд, масдуд мешаванд. Вале ба гуфтаи матбуот, вожаи “евро” ҳанӯз бемушкил мегузарад.Аммо хабаргузории ИСНО навишт, ки Irancell ва MCI- ду ширкати мобилии Эрон – вуҷуд кадом филтри вожаи “доллар”-ро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG