Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои соф ва аммо сарди Тоҷикистон


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе соф ва аз 5 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳаво беғубор аст, нимаи аввали рӯз то 6 дараҷа сард ва баъд аз зӯҳр 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам соф ва дар нимаи дуввуми рӯз то 6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ абрӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат то 7 то 11 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои беғубор пешгӯӣ шудааст, дар баъзе мавзеъҳо, аз ҷумла, дар Рашту Тавилдара то 18 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG