Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмерт дар ришватситонӣ айбдор мешавад


Эҳуд Олмерт

Эҳуд Олмерт

Ба нахуствазири пешини Исроил Эҳуд Олмерт иттиҳоми нав эълон шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Олмерт дар он айбдор мешавад, ки замони шаҳрдори Байтулмуқаддас буданаш барои кӯмак дар иҷрои чанд тарҳ ришва гирифтааст. Раҳбари собиқи ҳукумат ин иттиҳомро рад мекунад.

Аз ин пеш ҳам Олмерт дар ришватситонӣ гумонбар мешуд. Соли 2009 ӯ бар асари моҷароҳои марбут ба даст доштанаш дар фасод аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дода буд.
XS
SM
MD
LG