Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оши палови Узбакистон ва китоби Гинес


Деги оши палов
Деги оши палов
Телевизиони давлатии Узбакистон гузориш медиҳад, ки ошпазони узбак саъй хоҳанд кард, бо пухтани бузургтарин миқдори оши палов ба китоби рекордҳои Гинес дохил гарданд.
Телевизиони Мир аз нақли Флора Фахруддинова-сухангӯи Иттиҳодияи ошпазҳои Узбакистон овардааст, ки палов дар деги хосе пухта мешавад, ки чор тоннаву ҳафтсад килограм ғунҷоиш дорад. Фахруддинова афзудааст, ки шояд барои пухтани ин палови оламгир ошпазҳои саросари Узбакистон даъват шаванд.
Чанд рӯз пеш ба муносибати панҷоҳсолагии президенти Озарбойҷон дар ин кишвар як торти 12 тоннагӣ пухта шуд, ки бузургтарин торти Аврупо ба ҳисоб меравад.
Соли равон парчами Тоҷикистон, ки дар баландии 165 метр афрохта шудааст, ба китоби рекордҳои Гинес ворид шуд.
XS
SM
MD
LG