Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул барои ифтитоҳи дафтари "Толибон" дар Қатар розӣ шуд


Афғонистон ба пешниҳоди ИМА барои боз кардани намояндагии ҷунбиши “Толибон” дар Қатар розӣ шуд. Аз ин пештар Кобул эълом дошт, ки мехоҳад ин намояндагӣ ё дар Арабистони саудӣ ё дар Туркия ифтитоҳ шавад.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар робита ба тағйири мавқеъи кишвар гуфт, ки ин тасмим бо талоши расидан ба оштии миллӣ бастагӣ дорад. Толибон ин хабарро ҳанӯз ташреҳ накардаанд.

Чанде пеш Кобул ба нишони эътироз аз он ки мавзӯъи боз кардани намояндагии “Толибон” аз сӯи Амрикову Олмон бидуни ширкати Афғонистон баррасӣ мешавад, сафири худро аз Қатар бозхонда буд.
XS
SM
MD
LG