Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳи байнулмилалии қочоқбар дар Тоҷикистон


Оҷонси назорат бар маводи мухаддир иттилоъ дод, ки се узви як гурӯҳи байнулмилалии қочоқбарро дар шаҳри Душанбе боздошт кардааст. Ин манбаъ хабар додааст, дар миёни бозоштшудагон як афсари нерӯҳои марзбони Афғонистон низ ҳаст. Дафтари матбуоти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, аз сабукрави ин афрод 10 кило ҳероин мусодира шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 4 тонна маводи мухаддир кафш ва мусодира шудааст, қариб 500 килои онро ҳероини тавлиди Афғонистон ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG