Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хазинаи тиллоии радио. Фақат садост, ки мемонад...


Ҳазорон оҳангу тарона ва садои чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар хазинаи тиллоии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар ин хазина феълан садҳо тарона ва оҳангҳои иҷронамудаи овозхонону оҳангсозони маъруфу маҳбуб, аз ҷумла Бобоқул Файзуллоев (падари Аҳмад Бобоқулов), Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳесейнов, Нусайрӣ Одинаев, Моҳҷон Назардодова, Авнер Муллоқандов, Нериё Аминов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Фазлиддин Шаҳобов, Тӯҳфа Фозилова, Қурбони Зардак ва дигаронро ҳамчун нодиртарин намунаҳои санъати асили тоҷик метавон дарёфт.

Хазинаи тиллоии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчун манбаи ягона ва бесобиқа барои таъмини бахшҳои калидии фарҳангиву илмӣ ба филмсозон, муаррихон ва донишмандону журналистон хидмат мекунад.

Кормандони собиқадори Кумитаи радио ва телевизион бо ёдоварӣ аз нахустин барномаҳо дар солҳои 1940 ва 1950-и қарни бистум мегӯянд, ҳунармандон ба таври зинда ва мустақим ҳунарнамоӣ мекарданд. Ба қавли онҳо, яке аз сабабҳои дар хазинаи тиллоӣ чандон зиёд набудани оҳангҳои ҳунармандони пешин ин аст, ки солҳои Шуравӣ на ҳама матни сурудҳо пазируфта мешуданд.

Одина Ҳошим, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Одина Ҳошим, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Заъфарон Муҳаббатова, ки беш аз 30 соли умри худро дар радиои Тоҷикистон ва ба вижа дар бахши мусиқии он пушти сар кардааст, мегӯяд, он солҳо аксар барномаҳои радио аз оҳангу суруд ва ахбор иборат буд.

Хонум Муҳаббатова мегӯяд, агарчӣ дар оғози солҳои 90-и қарни гузашта хазинаи тиллоӣ низ мисли дигар самтҳои ҷомеа беосеб намонд ва шароити нигаҳодории наворҳои нодир чандон хуб набуд, вале бо талошҳои роҳбарият ва кормандони собиқадори ин даргоҳ, бахши аъзами хазинаи тиллоӣ аз нобудшавӣ ҳифз карда шуд. Ҳоло тамоми дороии ин хазина ба навори рақамӣ гузаронида шудааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, коргардон Муқаддас Расулова, ки қариб 50 сол собиқаи корӣ дар радио дорад, аз нахустин сабтҳои радиоӣ барои хазинаи тиллоӣ, дар аввали солҳои шастум чунин ёдовар шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:50 0:00
Линки мустақим


Ӯ мегӯяд, "дар лентаҳои магнитӣ, ки он солҳо аз Маскав барои мо меоварданд, аввалин сурудҳои Фазлиддин Шаҳобов, Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соибов ва дигаронро сабт мекардем. Ин сабтҳоро мо ҳамчун гавҳараки чашмамон нигоҳ медоштем. Аз кумитаи партиявӣ сари ҳар вақт омада хазинаи тиллоиро месанҷиданд. Касе бе иҷозати раиси кумита ҳақ надошт, ки ба хазинаи тиллоӣ ворид шавад ва ягон сабтро бе иҷозат бубарад. Ҳоло ин тавр нест. Лекин ман ҳанӯз 10-сола будам, ки ба радио меомадам ва медидам, ки чӣ хел зинда суруд мехонанд ҳофизони номӣ."

Абдулло Назрӣ
Абдулло Назрӣ
Ҳамсӯҳбатони мо бо ҳисси қаноатмандӣ аз кору фаъолияти худ ва нақши хазинаи тиллоӣ дар рушди фарҳангу санъати муосири тоҷик мегӯянд, ин махзани гаронбахои мусиқӣ барои ҷавонони ҳунарманд ҳоло ҳамчун як мактаби хубу арзишманде барои аз худ кардани санъати касбӣ ва ҳунари воло хидмат менамояд.

Заъфарон Муҳаббатова дар ин замина гуфт: "Масалан, оҳангу сурудҳои дар он замон хондаи ҳунармандоне аз қабили Тӯҳфа Фозилова, Нериё Аминов, Лайло Шарифова - аввалин сарояндаи эстрадаи тоҷикро ҳоло сарояндаҳои ҷавон аз хазина мегиранд, гӯш мекунанд ва ин сурудҳоро бо тарзи нав ва чуноне мегӯянд, ҳозиразамон карда боз ба мардум мерасонанд. Инчунин, дар хазина садои чеҳраҳои маъруфи адабиёту ҳунар ба монанди устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон маҳфуз аст. Ман хушбахтам, ки дар ғанӣ гардонидан ва ҳифзи ин махзани гаронмояи миллати худ, саҳме доштаам."
XS
SM
MD
LG