Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди фарҳангии "Айнӣ" барои нахустин бор китоб-албомеро бо номи "Ганҷинаи мусиқии тоҷикӣ" нашр кард.

Ин албом аз намунаҳои беҳтарини оҳангҳои классикии "Шашамақом", таронаҳои мардумиву мусиқии касбӣ, мусиқии эстрадӣ ё поп ва роки тоҷикӣ таркиб ёфтааст.

Таронаҳои маъруфтарин ҳунармандон, аз қабили Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Одинаи Ҳошим, Зафари Нозим, Ҷӯрабеки Мурод, Нигина Рауфова, асарҳои симфонии оҳансозони машҳури тоҷик Аъзам Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фаттоҳ Одина, Фирӯз Баҳор ва низ аввалин намунаҳои таронаҳои эстрадӣ, ки ансамбли "Гулшан" бо сарварии Лайло Шарифова дар солҳои 1960 ва ҳафтодуми уми қарни гузашта иҷро карда буд, дар ин албом ҷамъоварӣ шудааст.

Шодравон Боймуҳаммад Ниёзов

Шодравон Боймуҳаммад Ниёзов

"Ганҷинаи мусиқии тоҷикӣ" бо ибтикор ва ҳимояти молии як гурӯҳи чаҳорнафараи фарзандони чеҳраҳои саршиноси тоҷик интишор шудааст. Эраҷ Айнӣ, набераи устод Садриддин Айнӣ ва намояндаи бунёди "Айнӣ" ва ҳамзамон аз масъулони интишороти туркии "МЕГА БАСИМ" масрафоти молӣ ва чопи онро бар дӯш доштааст.

Азиз Солиев, набераи оҳансози машҳур Аъзам Солиев, корҳои мусиқӣ ва низ ороишгарии ин албом ва ниҳоят Олимҷон Солиев, писари ҳунарманди шинохтаи тоҷик Алиҷон Солиев, ки корманди раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд, умури нашри ин ганҷинаро сомон додаанд.



Азиз Солиев, рассом-ороишгари албоми мазкур мегӯяд, фикри таҳия ва нашри чунин як китоб - албоми мусиқӣ, ки тамоми паҳлуҳо ва жанрҳои мусиқии тоҷикиро дар бар дошта бошад, ба наздикӣ пайдо шудааст ва бино ба камии вақт имкони пиёда кардани ҳама нақшаҳо имкон надодааст.

Зафар Нозим

Зафар Нозим

"Ҳамчунин мехостем, ки оҳангу сурудҳои маъруфро аз кинофилмҳо ба монанди "Ман бо духтаре вохӯрдам" дар ин албом ҷой диҳем. Лекин вақт, ки кам буд, натавонистем. Ин, албатта, охири кор нест ва давом дорад. Мо дар шумораҳои ояндаи китоб - албомамон сурудҳоро аз кинофилмҳои машҳури тоҷикӣ дохил хоҳем кард. Медонед, идеяи офаридани инчунин як албом дар мо аз куҷо пайдо шуд. Аз кишварҳои хориҷа меҳмонҳо меоянд, аз Тоҷикистони мо чӣ мебаранд бо худ. Тоқӣ, ҷома, чакан. Магар мо тоҷикон фақат ҷомаву тоқӣ дорем? Кишаварҳои дигарро мебинед, кайҳо ин корҳоро кардаанд. Яъне, намунаҳои мусиқии мардумашонро албомҳои дискӣ карда пешкаши ҷаҳониён карданд. Мо тоза ин корро сар кардем. Мо фикр кардем, ки агар мо худамон ин корро накунем, пас, кӣ мекунад?",-афзуд ӯ.

Дар ҳамини ҳол, дастандаркорони нашри "Ганҷинаи мусиқии тоҷикӣ" тасмим доранд, дар ояндаи наздик қисмҳои дуввум ва севуми онро дар шакли аудиои ва видеоӣ барои нашр омода кунанд. Олимҷон Солиев, корманди раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин замина чунин гуфт, "мо сафар мекунем ба хориҷа ва мебинем, ки мардум дар он кишварҳо бештар аз наворҳои СӣДӣ истифода мекунанд. Барои ҳамин ҳам мо ин албомро дар СӣДӣ сабт кардем. Оянда нақша дорем, ки шакли видеоии онро ҳам омода карда сабт кунем. Албатта, барои ин корҳои бисёре кардан лозим, лекин фикр мекунам, ки ин кори бисёр хайру зарурӣ аст барои муаррифии ҳунару мусиқии тоҷикон. Мо агарчӣ дар омода намудани он маблағи зиёде сарф кардем, дақиқтараш Эраҷ Айнӣ ин маблағҳоро аз ҳисоби худашон масраф карданд, лекин талош кардем, ки нархи онро бисёр баланд набардорем ва он на танҳо барои меҳмонони хориҷӣ, балки барои ҳар хонаводаи тоҷик низ дастарас бошад."

Фирӯз Баҳор

Фирӯз Баҳор

Ба андешаи коршиносон, таҳия ва нашри чунин як китоб-албоми мусиқӣ, ки беҳтарин намунаҳоро аз жанрҳои мухталифи мусиқии тоҷикӣ гулчин намуда, пешкаши меҳмонон ва сокинони кишвар намояд, як иқдоми деринтизор будааст, ки мебоист чанд соли пеш аз ҷониби ниҳодҳои фарҳангии кишвар анҷом меёфт.

Марзияи Саид, рӯзноманигори тоҷик, зимни истиқбол аз чунин як иқдоми неки меросбарони чеҳраҳои саршиноси кишвар гуфт, "мо, ки бисёр ба сафарҳо меравем ва бисёр вақт дар андешаи онем, ки чӣ барои ҳамтоёни хориҷиамон тӯҳфа барем. Вақте аз санъату ҳунару мусиқӣ суҳбатҳо мераванд, баъзан як намунаи мусиқиро пайдо кардаву муаррифӣ кардан имкон надорад. Баъзан лозим мешавад, ки худамон ягон оҳангу сурудро хонему замзама кунем, ки камтар мардуми хориҷа бо мусиқии мо шиносоӣ пайдо кунанд. Фикр мекунам, ин китоб-албом беҳтарин тӯҳфа метавонад бошад. Хуб мешуд, агар бо тиражи боз ҳам зиёдтар чоп мешуд ин гуна албомҳо."

Қисмати нахустини китоб-албоми "Ганҷинаи мусиқии тоҷикӣ" бо ибтикор ва пуштибонии молии бунёди "Айнӣ" ва бо тиражи 1 ҳазор нусха нашр шудааст. Матни ин гулчини мусиқӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ сабт гашта, қисмати дуввуми он дар арафаи омодашавист. Ин дар ҳолест, ки ахиран бо ибтикор ва маблағгузории бунёди "Айнӣ" ва интишороти "MEGA BASIM" гулчини асарҳои рассомони тоҷик дар шакли як албом бо номи "Мино" нашр ва ба дасти ҳаводорони санъати наққошӣ расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG