Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбеи 19-уми декабр дар яке аз толорҳои консертии пойтахт, маросими муаррифии барномаи байнулмилалии «Ҳифзи мусиқии қадимаи мардуми тоҷик», ки тайи як сол тариқи як экспедитсия анҷом ёфт, баргузор гашт. Ин таҳқиқот аз ҷониби маркази фархангии "Бохтар" , Бунёди Сорос ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.


Пажӯҳише, ки баъд аз наздик ба 70 сол сурат гирифт

Ба гуфтаи дастандаркорони ин барнома экспедитсия дар 70 соли ахир аввалин будааст. Як чунин талош ҷиҳати омӯзиш ва пайдову пешниҳоди мусиқӣ ва асбобҳои қадимаи мардумӣ дар соли 1956- и қарни гузашта сурат гирифта буд.

Ҳунарнамоии дастаи Бадахшон, бо иҷрои намунае аз мусиқии суннатии ин мардум, ки ҳанӯз дар қарнҳои 11 то 15, ки иҷрои он дар тӯю маросим ва маҳофили донишмандону санъаткорони он замон роиҷ будааст, басо ҷолиб ва хотирмон буд.

Садое аз дуриҳо

Ин навъи мусиқӣ, ниёиш ва ё мадҳия ном дошта дар қадим дар ситоиши худо ва паёмбарон ва баъдан сарлашкарону сарварони давр суруда мешуд. Вале тайи 70 соли даврони шӯравӣ, ки иҷрои чунин оҳангу таронаҳо мамнуъ буд, бахши аъзами мадҳияҳо аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Дар маъхазҳо ва асарҳои санъатшиносон низ аз онҳо кам ёдоварӣ мешавад.

Аммо натиҷаи пажуҳише, ки тайи якуним сол бо ибтикори маркази фарҳангии "Бохтар", бо ҳамдастии Бунёди Сорос ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар саросари кишвар сурат гирифт, собит кард, ки ин ва чандин навъи мусиқӣ ва намунаҳои камёфти қадимтарини асбобҳои мусиқӣ дар миёни мардуми Зарафшону Бадахшон ва Рашту Кӯлоб, дар манзилу осорхонхои шахсӣ маҳфузанд ва ин оҳангҳо ҳоло низ дар манотиқи дурдаст суруда мешаванд.

Муаррифии мактабҳои мусиқии мардумӣ

Дар маросими муаррифии натиҷаи экспедисияи мазкур, ки рӯзи 19-уми декабр дар яке аз толорҳои консертии пойтахт бо ширкати аҳли илму адаб, санъатшиносону ҳунармандон ва ҷавонони соҳибзақ доир гашт, намояндагони мактабҳои мусиқии мардумӣ қариб аз тамоми нуқоти Тоҷикистон намунаҳое аз ин мусиқиро иҷро карданд.

Наим Ҳакимов, санъатшиноси тоҷик
Наим Ҳакимов, санъатшиноси тоҷик, узви ин экпедистсия ба РО гуфт, дар тӯли ин ҳама солҳо, мусиқии асили мардуми қариб дар тамоми манотиқи Тоҷикистон омехта шуда, бо таъсири мусиқии замонавӣ кайфият ва нозукиҳои худро аз даст додааст, Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд ин таҳқиқот дер сурат гирифтааст, аммо, як навъ наҷотест аст барои мусиқии қадимаву асили тоҷикӣ:

«Масалан гуруғлиро бигирем ин навъи мусиқӣ қариб, ки фаромӯш шуда истодааст. Масалан аз чандин мактабҳои гуруғлихонон ҳоло як ё дутоаш мондааст. Мо, бовар кунед бо мушкили онҳоро пайдо кардем. Ё ин, ки ҳамин мадҳия ва ё ниёиш ва ё фалакро бигирем. Шумо дар телевизион ва радио тамошо мекунед, он намунаҳои асили мусиқии мардуми мо нестанд. Онҳо дар шакли омехтаву таъсирхӯрда пешкаш мешаванд. Вақте мо ба дуртарин нуқоти кишвар меравем, онҷо маҳфуз аст дар миёни мардум ва вакте аз забони мардум он намунаҳоро мешунавед, чӣ кайфияте дорад. Мисле, ки як бозёфти муҳиме карда бошед, эҳсоси фараҳ шуморо фаро мегирад. Ҳайф аст, ки ин ганҷинаи бебаҳо нобуд шавад».

Иқбол Завқибеков, аз тарафи дасти рост аввал
Сафари муҳим ва хотирмон

Аммо Иқбол Завқибеков, ҳунарманд ва санъатшинос мегӯяд, ин экспедисия аз он ҷиҳат барояш муҳим ва хотирмон будааст, ки дар баробари ошноӣ бо намунаҳои нодири мусиқиии мардумӣ, инчунин як навъ асбоби мусиқиеро дидааст, ки таърихи 400 сола дорад ва ӯ назирашро то имрӯз надида буд.

«Медонед, дар музейи падарам тамоми асбобҳои қадимаи мусиқӣ аз ҳама нуқоти кишварамон ҳаст, аммо ман вақте бо ин экспедитсия ба Ишкошим, деҳаи Лангар рафтам дар дасти як мӯйсафеди қариб 90 сола як тореро дидам, баландсадо ном дорад ва умри қариб 500 сола доштааст. Хеле аҷиб буд бароям ва донистам, ки ин қадар мардуми мо фарҳанги ғанӣ ва мусиқиву асбобҳои зебо дорад ва ифтихор кардам ва мо бояд онҳоро ҳифз кунем»

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик зимни сипос аз созмондиҳандагон ва аъзоёни экспедисияи мазкур гуфт, ин барнома ташнагии ӯро аз санъату ҳунар ва мусиқии асили мардуми тоҷик шикаст ва пешниҳод кард, ки ин мактабҳои ҳунарии мардумӣ бояд пушитбонӣ бинанд ва ҳифз шаванд.

Вай афзуд: «Ташакккур, ки созмонҳои байналмиллалӣ дар чунин кори хайр ба мо кӯмак мекунанд. Мусиқии қадимӣ мо, санъату этнография ва фолклорӣ моро ҳифз кардаву ёфтаву ба мо пешкаш мекунанд. Бояд ин корро барвақттар мекардем»

Ба гуфтаи дастандаркорони ин барнома, маркази фарҳангии "Бохтар" ва бунёди Сорос дар Тоҷикистон, маводи ҷамъовардаи экспедитисия мазкур, ки тамоми манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифтааст, дар шакли китоб, албомҳои мусиқӣ, фиттаҳо ва дискҳо дар ихтиёри мардуми кишвар ва макотибу донишгоҳҳои мусиқӣ ва низ Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG