Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусиқӣ ва суруди замони Иттиҳоди Шӯравӣ


Дастаи Boney M, ки дар соли 1978 бо даъвати Кремлин ба Маскав сафар кард.
Дастаи Boney M, ки дар соли 1978 бо даъвати Кремлин ба Маскав сафар кард.

Сонсури Шӯравӣ дар марҳалаҳое аз таърихи тӯлонии хеш даст ба рӯйи зеру бами мусиқӣ ҳам гузошта буд.

Дастгоҳи идеологии ин кишвари абарқудрат барои шунидан, сурудан ва навохтани таронаҳо ҳам маҳдудиятҳо пешбинӣ мекард. Мусиқӣ дар Шӯравӣ ба василаи таблиғотӣ табдил ёфта буд ва биноан мусиқии ғарбӣ ҳамчун таблиғоти душмани идеявӣ ва мусиқии "худрӯй"-и мардумӣ ҳамчун каҷравии эҳтимолии ғоявӣ мамнӯъ буданд ё ба нудрат то шунавандаю бинанда роҳ меёфтанд. Маҳдудиятҳо бахусус баъд аз сари кор омадани гурӯҳҳои ҷазу рокн-ролл дар Ғарб шадидтар шуданд.

Султони Ҳамад, он замон донишҷӯ ва ҳоло аз муҳаққиқони мусиқӣ, мегӯяд, қабл аз ҳама шунидани таронаҳое манъ буд, ки хориҷ аз ҳудуди кишварҳои лагери сотсиалистӣ эҷод мешуданд. Ӯ афзуд:
Султони Ҳамад

"Шунидани мусиқии кишварҳои Ғарбро барои доираи васеи шунавандагон иҷоза намедоданд, бахусус барои ҷавонон. Ҳамон солҳои ҷавонии мо солҳои 1960-у 70 ва ибтидои 80 як қатор гурӯҳҳое дар Ғарб зуҳур карданд, ки шӯҳраташон ҷаҳонӣ буд, аммо шунидани онҳо барои ҷавонон, бахусус комсомолон комилан мамнӯъ буд."

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Шӯравӣ мусиқии хориҷиро дар даҳаҳои 60 ва 70-и асри 20, бахусус баъд аз пайдоиши гурӯҳҳое ба монанди "Битлз" ва "Пинк Флойд" ҳамчун хатар ба идеологияи коммунистӣ ва аз авомили "ҷанги сард" арзёбӣ мекард. Аз ин хотир, мекӯшид, ки аз роҳ ёфтани онҳо ба кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Ин мусиқӣ дар оғоз тариқи радиоҳои хориҷӣ, аз қабили бахшҳои русии "Озодӣ"-ву Би-би-сӣ паҳн мешуд. Дар Тоҷикистон дар ин даврон таронаҳои афғониву эронӣ тариқи радиоҳои Эрону Афғонистон ва низ бахшҳои форсии радиоҳои ғарбӣ пахш
Аҳмад Зоҳир

мешуданд. Аммо пас аз ҷалб шудани мутахассисони тоҷик ба кор дар ин кишварҳо фиттаҳои сабти Гугушу Аҳмад Зоҳир, Золанду Хаёлу Маҳваш ва дигарон тариқи онҳо пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда, нусхабардорӣ мешуданд.

Султони Ҳамад мегӯяд, далоили ҷилавгирии мақомот аз паҳншавии ин таронаҳоро ин гуна баён кард: "Барои он банд мекарданд, ки фикр мекарданд, мардум ин таронаҳоро гӯш карда, аз масъалагузориҳои Ҳизби коммунист пеши ҷавонон ва ҳам ақидаҳои коммунистӣ дур мешаванд. Дар ёдам ҳаст, ки дар хобгоҳҳои донишҷӯӣ ҷавонон аксҳои овозхонҳо - Аҳмад Зоҳиру Гугушро дар деворҳо меовехтанд. Аммо устодон вақте ин ҳамаро медиданд, ё худ меканданд ё маҷбур мекарданд, ки канем. Мегуфтанд, ки инҳо ашрофбачаҳо ҳастанду таронаҳояшонро набояд гӯш кард."

(Ин навор аз Ютюб гирифта шудааст)



Бо ин вуҷуд, таронаҳо "девори оҳанин"-ро мегузаштанд ва дар солҳои 80-ум худи студияҳои Шӯравӣ ба нашри сабтҳои овозхонҳои хориҷӣ, аз қабили Тото Кутунйо, "Абба" ва ҳатто гурӯҳи шӯравии "Машина времени", ки ба услуби ғарбӣ мехонд, шурӯъ карданд.

Абдуғаффори Шаҳзод, рӯзноманигори тоҷик, ки он вақт дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат мекард, мегӯяд, то он замон ҳукумат ҳам ба хулосае расид, ки дар ин замина наметавонад бо хостаҳои ҷавонон мухолифат кунад ва ҳам дарёфт, ки мусиқӣ он қадар хатаре барои амнияти кишвар эҷод карда наметавонад. Вай афзуд, идеологҳои
Гугуш

Кремл шояд ба хулосае расиданд, ки ҷавонони матини Шӯравӣ дигар таҳти таъсири мусиқии Ғарб намераванд ва аз ин хотир, солҳои 1980-ум ҳама гуна маҳдудиятро дар паҳн кардани забтҳои дар гузашта мамнӯъ бардошта буданд.

"Солҳои 1980-1982 дар шаҳри Красногорски Маскав дар хизмати аскарӣ будам. Он ҷо барои мо аз Тоҷикистон Аҳмад Зоҳир мефиристоданд, Гугуш мефиристоданд. Мо метавонистем сарояндаҳои Италия, Амрикову Аврупо, ҳар куҷое набошадро озод гӯш кунем. ҳар он чӣ ки ба дастамон меафтод, мо онро озод гӯш мекардем. Барои мо ягон монеа набуд",-афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд, радиову телевизионҳои давлатӣ дар пахши таронаҳои хориҷӣ аз эҳтиёт кор мегирифтанд. Ин эҳтиёткорӣ дар пахши таронаҳои овозхонони дохили кишварҳо низ ба чашм мехӯрд, бавижа, Тоҷикистон. Овозхонон дар интихоби мавзӯъ озод набуданд ва ҳатто то саросарӣ шудан навохтани мусиқӣ бо асбобҳои электрикии мусиқӣ пазируфта намешуд.

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони тоҷик, ки солҳои 70-ум ба фаъолият шурӯъ кардааст, мегӯяд, шӯрои бадеии он замон пас аз
Қурбоналӣ Абдуллоев

санҷиш таронаҳоро барои пахш иҷоза медод: "Таронаҳо бояд ба синну сол мувофиқ мешуданд. Баъдан бояд мазмунашон ватандӯстӣ, дар васфи меҳнаткашону пахтакорону говдӯшону доҳӣ мебуд. Таронаҳои ошиқона кам андар кам рӯи мавҷи телевизиону радиоро медиданд. Дар ғазал Худо, паёмбар, биҳишт ё дӯзах бояд зикр намешуд. Ин гуна таронаҳо умуман роҳ дода намешуданд."

Коршиносон мегӯянд, барои хондани таронаҳои мухолифи идеологияи кишвар овозхон ба Кумитаи давлатии амният ё КГБ-и давр ё ягон ниҳоди масъули дигар даъват шуда, огоҳӣ мегирифт. Минҷумла марҳум Одина Ҳошим низ чанд маротиба ба Кумитаи амният барои хондани наътҳояш даъват шудааст.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷудияти ҳамчунин маҳдудиятҳоро инкор намекунад. Вай мегӯяд: "Буд! Масалан, вақте ман таронаи "Маънии тоҷикро гӯянд мардум тоҷдор"-ро хондам, гуфтанд, ки ҳамин чизҳоро нахонед. Баъд дар ҳазорсолагии Бӯалӣ Сино баромад кардам. Аввалин
Ҷӯрабек Муродов

маротиба дар Осиёи Марказӣ ҷомаи зардӯзӣ пӯшида ба саҳнаи Маскав баромадам. Монеъ шуданд. Ҳатто баромади манро, ки олиҷаноб буд, дар Русияву Узбакистону Тоҷикистон аз барномаи телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ буриданд. Фақат баромади манро, дигар баромадҳо рафтанд."

Аммо ҷаноби Муродов мегӯяд, ҳамзамон рӯзгори Шӯравӣ «даврони тилоӣ» -и мусиқии Тоҷикистон буд. Вай афзуд, тамоми заминаҳои рушди мусиқӣ дар ин даврон тақвият ёфта, шӯҳрати мусиқии тоҷик аз ҳудудҳои Тоҷикистон берун рафт: "Опера! Масалан, тоҷик куҷою опера куҷо? Операи тоҷик овозадор шуд. Балет! Балет куҷою тоҷик куҷо? Ватани опера Италияю ватани балет – Англия. Як бачаву духтари тоҷик бо ин ду ҳунар ҷаҳонро тасхир карданд. Дар мусиқӣ оркестри симфонӣ, дастаҳои созӣ – овозӣ, эстрада – ҳама пеш рафт! Мусиқии халқӣ олиҷаноб шуд! Дар давраи Шӯравӣ беҳтарин овозхонҳо зуҳур карданд. ҳамаи онҳоро аз ғалбер мегузаронданд. Ҳар кас ҳунари ба саҳна баромадан надошт."

Ҷӯрабек Муродов даҳаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери сотсиалистиро фурсатҳои бузург барои шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардани мусиқии тоҷик унвон кард. Вай афзуд, маҳорату малакаи ҳунармандон низ дар ин даҳаҳо бештар мешуд ва онҳо мекӯшиданд мусиқии тоҷикиро дар сатҳи ҷаҳонӣ омода кунанд.

(Ин навор аз Ютюб гирифта шудааст)



Сарояндаи шинохта Қурбоналӣ Абдуллоев мегӯяд, пас аз суқути Шӯравӣ мусиқии тоҷик ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд, вале зоҳиран харидори бештар пайдо кард, чунки ба ҷуз радиову телевизиони давлатӣ марокизи дигаре, ба шумули радиову телевизиони ғайридавлативу студияҳои мустақил харидори ин мусиқӣ шуданд.

Вай афзуд, мусиқӣ на фақат барои овозхон, балки барои оҳангсозу клипсозон ба як тиҷорат табдил ёфт: "Имрӯзҳо шарт нест, ки ҳунарманд ба таври касбӣ бо мусиқӣ машғул шавад. Ҳар корро метавонад бо пул кунад. Агар пул дошта бошад, тарона мехарад, танзим мекунад, бо сару либоси хуб, коргардону менеҷеру продюсери хуб метавонад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ вориди ҳама гуна шабакаҳои телевизионӣ шавад, шӯҳрат ёбад."

Коршиносон мегӯянд, мусиқии тоҷик дар замони Шӯравӣ ва ҳам истиқлол бартариву камбудиҳои худро дошту дорад, аммо он чӣ
Шабнами Сурайё

бармало ба чашм мехӯрад, як арсаест, ки ҳамеша нуқс дорад ва пурра нашудааст, на дар гузашта ва на имрӯз. Аммо бо вуҷуд ин озодие, ки ба дастандаркорони мусиқӣ насиб гашт, роҳро барои ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои нав ҳамвор намуд.

Фурӯ пошидани "девори оҳанӣ"- и Шӯравӣ ба мусиқии тоҷик имкон дод, ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабон ва ҳамчунн мамолики Ғарб роҳ ёбад ва хонандагони навҷӯе монанди Шабнами Сурайё, Ҷонибек, Садриддин ва дигарон имкон пайдо карданд бо беҳтарин ҳунармандон ва менеҷерони мусиқӣ дар хориҷ аз кишвар ҳамкории пурсамар дошта бошанд.

Ҳарчанд мусиқӣ дигар василаи таблиғотии низом нест, асарҳое низ зуҳур мекунанд, ки ба густариш ва таҳкими кеши шахсиятмеҳварӣ мусоадат менамоянд ва гаҳ-гоҳе аз таъйиноти мусиқии даврони Шӯравӣ ёдрас мешаванд.
XS
SM
MD
LG