Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенкко имрӯз ба додгоҳ ҳозир хоҳад шуд


Раҳбари мухолифини Украина Юлия Тимошенко имрӯз ба хотири бозбинии ҳукми 7-солаи зиндонаш ба додгоҳ хоҳад рафт. Вакилони ӯ мехоҳанд, лағви ҳукми рӯзи 11 октябр бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ва раҳоии сарвазири собиқ аз зиндонро ба иллати вазъи саломаташ тақозо кунанд. Тимошенко, бино ба хабарҳо, дар зиндон аз роҳгардӣ мондааст. Табибони зиндон аммо шикоёти ӯ аз вазъи саломаташро хурду реза меноманд. Бо ин ҳол, мақомот алайҳи Тимошенко дар иртикоби фаъолиятҳои тиҷории ӯ дар солҳои 90 боз як парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG