Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел Маскавро дар робита ба интихобот ба баҳс мекашад


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, ки дар мулоқот бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мавзӯъи интихоботи ахир ба Думаи давлатиро баррасӣ кунанд. Дар ин бора намояндаи идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Майя Косянчич хабар дод.Мухолифин Кремлро дар тақаллуби ин маъракаи сиёсӣ ба хотири пирӯзии ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” айбдор мекунанд.

Ба гуфтаи Косянчич, баҳсҳо атрофи қонуншиканиҳо дар интихоботи парлумонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Брюссел дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия бо ширкати Дмитрий Медведев сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, мухолифини Русия аз шаҳрдории Маскав хостори иҷоза барои баргузории гирдиҳамоии нав алайҳи тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ шуданд. Ба гуфтаи Надежда Митюшина, намояндаи ҷунбиши “Ҳамраъйӣ”, қарор аст, ки намоиши эътирозӣ рӯзи 24 декабр доир шавад.Ва аммо ӯ аз мушаххас кардани макони баргузории гирдиҳамоӣ худдорӣ намуд, то ки мақомот созмондиҳандагонро дар даъват ба намоиши ҳанӯз ҳамоҳангнашуда айбдор накунанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки мухолифин мехоҳанд ҳамоиши нав бо ширкати 50 ҳазор нафарро дар майдони Манеж ва хиёбони Сахаров доир кунанд.

Созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ лағви натоиҷи интихобот ба Думаи давлатӣ, сабти номи озоди аҳзоби сиёсӣ ва раҳоии маҳбусони сиёсиро талаб доранд.

Дар гирдиҳамоии эътирозии қаблӣ дар майдони Болотная дар Маскав беш аз 40 ҳазор нафар ширкат доштанд. Намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот дар чандин шаҳри дигари Русия ҳам баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG