Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунгузорон ба нақзи қонун айбдор шуданд


Бозрасони мақдунӣ порлумони ин кишварро ба нақзи қонуни зидди тамоку айбдор ва ба 5 000 евро карданд. Онҳо ҳамчунин қаҳвахона ва ресторани порлумонро барои нақзи қонуни зидди сигоркашӣ дар дохили биноҳо барои ду ҳафта маҳкам карданд. Дар изҳороти бозрасони давлатии Мақдуния гуфта мешавад, аз бинои порлумон даҳҳо хокистардони пур кашф шуд, аммо касе дар ҳолати нақзи қонун боздошт нагаштааст. Ҳамин ҳайати порлумон соле пеш қонуни зидди тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дохили биноҳоро қабул карда буд.
XS
SM
MD
LG