Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба кӯдакони гирифтори HIV кӯмак мекунад


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи ҷумъа, масъалаи кӯмаки молӣ ба кӯдакони гирифтори бемории вируси норасоии масунияти баданро баррасӣ хоҳанд кард. Ба гузориши қирғизии Радиои Озодӣ, дар ҷаласаи порлумон шеваҳои беҳтари кӯмак ба ин кӯдакон баҳс хоҳад шуд, ки ба гуфтаи модаронашон дар шифохонаҳо аз хуни олуда ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд. Ҳафтаи гузашта даҳҳо модари кӯдакони бемор аз вилояти Ӯш дар баробари бинои порлумон тазоҳурот карда, хостори адолат шуданд. Раиси порлумони Қирғизистон дар мулоқот бо ин занон ваъда дод, ки аз ҳисоби махсуси раиси порлумон барои кӯмак ба онҳо 32 ҳазор доллар ихтисос дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG