Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия идома хоҳад кард


Мақомоти Русия мегӯянд, ихроҷи муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи ноябр боздошт шуданд, идома хоҳад кард. Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федероли Муҳоҷирати Русия, имрӯз дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ 1700 шаҳрванди хориҷӣ нигаҳ дошта мешавад, ки сеяки онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд ва бо амри додгоҳ, теъдоде аз онҳо аз Русия ронда хоҳанд шуд. Баъди зиндонӣ кардани ду халабони рус дар Тоҷикистон дар рӯзи 8 ноябр, мақомоти Русия ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик шурӯъ карданд, ки теъдоди онҳоро дар Русия тақрибан як миллион нафар медоданд.
XS
SM
MD
LG