Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати созмонҳо аз рӯзноманигорони тоҷику рус


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)
Се созмони хабарнигории Тоҷикистон аз рӯзноманигорони тоҷику рус даъват кардаанд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз “лаҳни душманона” худдорӣ кунанд. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ, Иттиҳодияи хабарнигорон ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон дар баёнияи худ гуфтаанд, баҳси халабонҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як қазияи додгоҳиву ҳуқуқӣ ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Ин созмонҳои хабарнигорӣ гуфтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баҳси халабонҳову муҳоҷирон идома доад, ҳатто таҳқир ва даъватҳои ифротгароёна ба мушоҳида мерасад. Дар ин баёнияи се созмони хабарнигории Тоҷикистон омадааст: “Ин шароит рӯҳияи бегонаситезӣ дар ҷомеаи Тоҷикистону Русияро ба вуҷуд хоҳад овард”.
XS
SM
MD
LG