Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилон ба ҳукумати нави Юнон раъйи эътимод медиҳанд


Лукас Пападемос, нахуствазири нави Юнон

Лукас Пападемос, нахуствазири нави Юнон

Дар парлумони Юнон имрӯз раъйдиҳӣ дар робита ба изҳори эътимод ба ҳукумати нав таҳти сарварии Лукас Пападемос баргузор хоҳад шуд.

Ба кобинаи эътилофӣ намояндагони ду ҳизби асосии сиёсии кишвар - сотсиалистҳо ва муҳофизакорон ва ҳамчунин чанд нафар аз ҳизби ростгаро шомил шудаанд. Интизор меравад, ки ҳукумати нав аз эътимоди вакилони парлумон бархурдор шавад.

Ҳадафи асосии ҳукумати нави Юнон, ки то интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда фаъолият хоҳад кард, дастёбӣ ба пазируфта шудани созиш бо Иттиҳодияи Аврупо оид ба кӯмаки молиявӣ ба Юнон эълон шудааст.

Юнон бояд аз роҳи сарфаи буҷа моҳи оянда 8 миллиард евро ва баъдан бастаи нави кӯмаки Итиҳодияи Аврупо дар ҳаҷми 130 миллиард евроро дастрас кунад, дар акси ҳол ба кишвар варшикастагӣ ва хуруҷ аз минтақаи евро таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG