Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 8 нафар дар таркишҳо дар Афғонистон


Дар вилояти Лағмон, воқеъ дар шарқи Афғонистон бар асари таркиши автобус 8 сокини осоишта, аз ҷумла, як зану як кӯдак, кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, автобус ба минаи сарироҳӣ бархӯрдааст,

Дар вилояти Ҳирот бошад афроди номаълум мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираро таркониданд. Таркиш дар ҳоле рӯй дод, ки як мошини полис аз роҳ мегузашт. Панҷ нафар, аз ҷумла, се корманди полис маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG