Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари ҷавони аз шиканҷаи милиса ҷондода аз қарори вазири умури дохила А.Қаҳҳоров розӣ нест


Акси Б.Шодиев дар бистари шифохона
Акси Б.Шодиев дар бистари шифохона
Ниёзбибӣ Буриева, модари Баҳромиддин Шодиев мегӯяд, аз чораҳое, ки вазири корҳои дохилӣ дар нисбати кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур дидааст, қонеъ нест ва ҳатман алайҳи ин афсарон ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Моҳи октябр Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар як беморхонаи Душанбе ҷон дод. Ба эҳтимоли ғолиб, ӯ қурбони шиканҷаву азияти шадиди милиса шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонаш, осори он дар тану рӯи ҷасад ҳувайдост.

Ҳафтаи гузашта вазири умури дохилаи Тоҷикистон баъди анҷоми тафтишоти дохилӣ нисбати ҳафт корманди масъули шӯъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур чораҳо андешида, се нафарро аз ҳайати милиса ронда, як нафарро аз вазифа сабукдӯш карда ду нафари дигарро ҳушдор додааст. Аммо модари Баҳромиддин мегӯяд, шиканҷакунандагони писараш бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

«Агар фарзанди ман чанд лаҳза ба худ намеомаду намегуфт, ки дар шуъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур ба вай чӣ кардаанд аслан хабар надоштам ва фикр мекардам ки ҳамин хел аз дуюм этаж афтидаасту ҷон додааст. Вай гуфт, ки Илҳоми милиса, Алишер ва Саид бисёр азобаш додаанд дар даҳонаш скоч баста дастонашро ба пушт баста дар свет мондаанд.

Бо лагаду мушт дар сараш заданд.Чӣ хел ман метавонам қонеъ бошам, бигзор инҳо дар маҳбас шинанду аққалан фикр кунанд, ки бо ин ҷавон чӣ кардаанд. Ман албатта ба додгоҳ шикоят мекунам».


Чанд моҳ пеш Сафаралӣ Сангов, як сокини дигари Душанбе, ки ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам мешуд, бар асари шиканҷаи шадиди милисаи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино дар беморхона ҷон дод.
XS
SM
MD
LG