Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизбҳои сисёсии Юнон эътилоф ташкил медиҳанд


Ҳизбҳои сиёсии Юнон натавонистанд гирдиҳам оянд, то барои таъйиди 130 миллиард евро кӯмакҳои молии байналмиллалӣ ва ҳифзи кишварашон дар қаламрави евро ҳукумати изтирории эътилофӣ ташкил диҳанд. Ҷеорҷ Папандреу розӣ шуд, ки дар сурати зарурат барои расидан ба тавофуқ ва барои ташкили ҳукумати эътилофӣ метавонад аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Аммо мухолифони муҳофизакор ба ҷои тақозои истеъфои Папандреу пофишорӣ карданд, ки ба эътилоф ҳамроҳ мешаванд ва интихоботи фавриро дархост мекунанд. Папандреу гуфт, Юнон танҳо дар сурате дар қаламрави пули евро метавонад боқӣ бимонад, ки агар тадобири шадиди пешниҳодшударо дар бораи дарёфти 130 миллиард евро қарзи Иттиҳодияи Аврупо иҷро кунад. Аммо юнониҳои маъмулӣ тадобири шадиди молиро қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG