Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олими тоҷик дар ИМА "донишомӯзи моҳ" эълон шуд


Вазорати умури хориҷии ИМА донишманди тоҷик ва дастпарвари Бюрои равобити таълимиву фарҳангӣ (ЕСА) ва Барномаи минтақавии табодул (RSEP) Аюбҷон Юсуфовро “донишомӯзи моҳ” эълон кард.

Тавре дар матлаби матбуотии вазорат гуфта шудааст, ин унвон ба донишманди тоҷик ба хотири барномаи нави иқтисодӣ барои Донишгоҳи давлатии тиҷорату иқтисоди Тоҷикистон дода шудааст.

Аюбҷон Юсуфов айни ҳол муовини ректори ин Донишгоҳ, узви комиссиюни Оҷонси алайҳи фасоди вилояти Суғд ва узви Imon International аст ва дар мавзӯъи муҳити зиндагӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот мегузаронад.
XS
SM
MD
LG