Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулраҳим Ал-Қиб сарвазири нави Либия таъин шуд


Нахуствазири нав бояд ба эҳёи Либия камар бандад

Нахуствазири нав бояд ба эҳёи Либия камар бандад

Шӯрои милли гузори Либия муҳандис Абдулраҳим ал-Қибро сарвазири нави кишвар таъин кард. Чаҳор нафар довталаби ин курсӣ буданд ва аммо аз 51 узви Шӯро 26 нафар аз Ал-Қиб ҷонибдорӣ карданд.

Ал-Қиб дар мақоми раиси ҳукумат Маҳмуд Ҷабриалро иваз хоҳад кард, ки як ҳафта пеш, баъди эълони озодии комилии Либия, ба истеъфо рафт. Қарор аст, ки ҳукумати нави Либия рӯзҳои наздик ташкил шавад.

Мақомоти Либия ҳамчунин эълом доштанд, ки давоми ҳашт моҳ ба хотири ташкили Конгресси миллӣ - парлумони бисёрҳизбии Либия интихоботи умумӣ баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG