Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

WikiLeaks нашри асноди сирриро мутаваққиф кард


Сомонаи интернетии WikiLeaks бар асари мушкилоти молиявӣ нашри асноди сиррии вазорати умури хориҷии Амрикоро мутаваққиф месозад.

Дар изҳороти WikiLeaks гуфта шудааст, ки мушкилоти молиявӣ бо «муҳосираи молиявӣ» аз сӯи ширкатҳое чун PayPal, Western Union ва MasterCard баъди нашри ҳазорон ҳуҷҷатҳои сиррии вазорати умури хориҷии Амрико бастагӣ дорад.

Сомона мақомоти Амрикоро дар фишор ба ширкатҳои хусусӣ айбдор мекунад, ки онҳоро барои мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии WikiLeaks водор сохтааст.

Раҳбари WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ дар Бритониё интизори ҳукми додгоҳи бознигарӣ оиди парвандаи истирдодаш ба Шветсия мебошад. Дар Шветсия Ассанҷ дар дастдарозӣ ва таҷовуз ба номуси ду зан айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG