Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Дари музокирот бо Толибон ҳанӯз боз аст"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, дари музокирот бо Толибон боз аст, вале агар онҳо ҳамкорӣ накунанд, ҳамлаҳо ба онҳо идома хоҳад ёфт. Хонум Клинтон дар бора баъди мулоқоташ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Кобул сухан гуфт. Ӯ афзуд, музокирот бо Толибон бояд бахше аз раванди сулҳ дар Афғонистон бошад, ки солҳои ахир ба пешрафт ноил шудааст. Хонум Клинтон ба зарурати ҳимояти ҳамсоякишварҳои Афғонистон бахусус Покистон аз ин раванд таъкид кард ва аз раҳбарони Покистон хост, тундавони паноҳёфта дар он кишварро нобуд кунанд. Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бо қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар моҳи пеш, талошҳои музокирот бо Толибон зери шубҳа рафтааст. Ҳилларӣ Клинтон аз Кобул ба хотири дидору гуфтӯгу бо раҳбарони Покистон ба Исломобод хоҳад рафт. Интизор меравад, хонум Клинтон ба Душанбе низ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG