Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти муштарак бар зидди шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон


Нируҳои артиши Афғонистон ва НАТО бар зидди шабакаи Ҳаққонӣ, ки бо Ал Қоида иртибот дорад, амалиёти муштаракеро дар манотиқи марзӣ бо Покистон оғоз кардаанд. Абдулраҳим Вардак-вазири дифои Афғонистон имрӯз гуфт, ин амалиёт зери номи рамзии “Дами корд” 16 октябр шурӯъ шуд ва пешбинӣ шудааст, ки тавоноии душманро ба ҳам занад ва душман натавонад амалиёти ҷангӣ анҷом диҳад. Амрико шабакаи Ҳаққониро масъули ҳамлаи моҳи сентябр ба сафоратхонаи Амрико дар Кобул медонад.
XS
SM
MD
LG