Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори тарсноке доир ба артиши Русия


Муовини додситони низомии Русия мегӯяд, сар аз соли равон то кунун 9 сарбози рус дар тасодуфҳо кушта шудаанд ва 119 нафари дигар худкушӣ кардаанд. Борис Хубиев дар шаҳри Маскав гуфт, муноқиша байни сарбозони қаторӣ ва бадрафтории афсарон бо сарбозони қаторӣ сабаби маъюб шудани 86 маъмурони низомӣ шудаанд. Бадрафторӣ бо сарбозон ба хусус сарбозони навомада яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки солҳои тӯлонӣ дар артиши Русия мушоҳида мешавад ва бисёр кам шудааст, ки барои чунин кор афсарони баландрутба ҷазо бигиранд.
XS
SM
MD
LG