Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев қонуни баҳсбарангезро имзо кард


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар талоше барои муқобила бо тундгароии исломӣ қонуни баҳсбарангез “Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва фаъолияти динӣ”-ро имзо кардааст. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ин қонун, ки аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ интиқод шуд, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии фаъолиятҳои диниро мушаххас мекунад. Пештар аз ин Фридом Ҳаус, як созмони мудофеъи ҳуқуқи инсон аз давлати Қазоқистон хост, тарҳи қонуни мазкурро бознигарӣ кунад, зеро ба гуфтаи созмон, санади мазкур “ҳуқуқи мардум ба озодии эътиқоду мазҳабро маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG