Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маъракаи таблиғи таҳсили духтарон дар Тоҷикистон


Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаки Созмони Милал маъракаи ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд. Хабаргузории «Азия-Плюс» ба нақл аз вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов гуфтааст, ҳадаф аз маъракаи густардаи иттилоотию маърифатӣ таъсиси ҳаракате дар ҷомеа аст, ки ба аҳамияти таҳсили духтарон таъкид кунад ва шароити ин таҳсилро баррасӣ намояд. Вазир гуфтааст, дар ҳоли ҳозир наздик ба 800 духтари наврас дар кишвар аз таҳсил маҳруманд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин раванд дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG