Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба 5 соли ҳабс маҳкум шуд


Додгоҳи Туркманистон хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин кишвар Давлатмурод Язқулиевро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар талоши ба худкушӣ расондани як хешовандаш муҷрим шинохтааст. Қазияи Язқулиев мавҷи интиқодоти байналмилалиро ба бор оварда, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, муҳокимаи ӯро “додгоҳи шармандавор” ва иттиҳомоти алайҳи хабарнигоро “сароҳатан бофта” номид ва гуфт, ин “иттиҳоми пурсафсата” ҳокист, ки ӯ ба далели гузоришҳои таҳқиқотӣ ва блогнависиаш муҷозот шудааст. Язқулиев аз нахустин хабарнигороне буд, ки дар бораи таркишҳои хунини моҳи июл дар як амбори аслиҳа дар Ободон гузориш медод.
XS
SM
MD
LG