Пайвандҳои дастрасӣ

Вилям Пэти аз Тоҷикистон боздид кард


Вилям Петӣ-сафири Британия дар Кобул

Вилям Петӣ-сафири Британия дар Кобул

Бино ба хабари сафоратхонаи Британия дар Душанбе, аз 1 то 3 октябр Вилям Пэти-сафири Британия дар Афғонистон аз Душанбе боздид кард. Дар ин боздид вай бо Эркин Раҳматуллоев-мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон доир ба сиёсати хориҷӣ, генерал Рамил Нодиров-муовини аввали вазири дифоъ ва мақомоти масъули вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Бино ба хабари ин манбаъ, ҳадафи ин боздид ошноӣ бо сиёсати ояндаи Тоҷикистон оид ба Афғонистон буд. Дар доираи ташрифи хеш ҷаноби Вилям Пэти ҳамчунин оид ба сиёсати Британия дар Афғонистон ва дар робита бо дигар кишварҳои минтақа сӯҳбат намуд.
XS
SM
MD
LG