Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби сурх авзоъ дар Сирт – зодгоҳи Муаммар Қаззофиро мудҳиш номид. Сокинони ин шаҳри Либия, бино ба хабарҳо, дар байни борони тири нирӯҳои Шӯрои миллии гузор ва ҷангиёни содиқ ба Қаззофӣ мондаанд. Сирт аз охирин пойгоҳҳоест, ки таҳти назорати нирӯҳои Қаззофӣ боқӣ мемонад. Сухангӯи Салиби сурх гуфт, бемористони шаҳр ба кундӣ таъмин шуда, маҷрӯҳонро ба иллати идомаи набардҳо ва бомбборҳои НАТО наметавонанд ба инҷо интиқол диҳанд. Сокинон и Сирт маҷбуранд ба хотири фирор фақат барои маводи сӯхти мошинҳои худ то 800 доллар пардохт кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG