Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми эътирозҳо дар Ереван


Садҳо тан аз тарафдорони мухолифини Арманистон майдони Озодӣ дар маркази Ереванро ду рӯз боз ишғол кардаанд. Онҳо қасд доранд, тайи як ҳафта дар ин майдон шабонарӯзӣ тазоҳурот кунанд.
Ин эътирозҳо рӯзи ҷумъа бо раҳпаймоии тақрибан 6000 нафар оғоз ёфт ва пулис монеъи задани беш аз 20 хаймаи онҳо дар майдони Озодӣ нашуд. Кунгураи миллии Арманистон гуфт, ҳадафи онҳо фишор ба ҳукумат аст, ки то поёни соли равон интихоботи ҳам парлумонӣ ва ҳам раёсатҷумҳурӣ доир кунад. Аммо мақомот ин талабро радд карда, мегӯянд, ҳадафи мухолифин ҷалби ҳимоят пеш аз интихоботи парлумонист, ки соли оянда доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG