Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқрори маъмурони Косово дар марз бо Сербистон


Мақомоти Косово мегӯянд, ҳайъатҳои аз сӯи ИА ва Приштина эъзомшуда дар ду гузаргоҳи баҳсбарангези марзӣ дар марз бо Сербистон дар шимоли умдатан сербнишини Косово мустақар шудаанд. Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ гуфт: "Иҷрои нақша субҳи имрӯз бомуваффақият оғоз ёфт. Афсарони гумруку пулис якҷо бо нирӯҳои EULUX ва KFOR дар ҳарду гузаргоҳи марзӣ мустақар шуданд.”
Талоши қаблии мақомоти Косово барои касби назорат бар ин ду гузаргоҳ дар моҳи июл боиси бурузи хушунатҳо ва ҳалокати як маъмури пулис шуда буд. Вазири дохилаи Косово Байрам Раҷабӣ гуфт, ҳайъатҳои муштараки пулису гумрук ва ҳам мақомоти Косово ба ин гузаргоҳҳо «тавассути чархболҳо расонда шуданд.» Бо вуҷуди нигарониҳо, дар бораи кадом танише гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG