Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми як назархоҳии нодир дар Тоҷикистон


Дар як назархоҳии густурда, 91 дар сади сокинони манзилҳои бисёрошёна дар Тоҷикистон гуфтаанд, аз низоми феълии хидматрасонии манзилӣ қонеъ нестанд. Айни замон бештар аз 76 дар сади сокинони чунин хонаҳо дар чанд шаҳри Тоҷикистон аз ҷумла Душанбе намедонистаанд, ки кадом ниҳод бояд ба таъмиру таҷдиди биноҳои фарсудаи баландошёна машғул бошад. Тайи тақрибан як даҳсола аксарияти биноҳои истиқоматии баландошёна дар Тоҷикистон таъмиру тармим нашудааст ва дар ҳоли ногуворе қарор доранд. Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон барои ислоҳи ин вазъ бо мусоидати Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина назархоҳӣ ва пажӯҳише анҷом дода ва гуфтаанд, ки ноогоҳии мардум аз низоми хидматрасонии манзилӣ, “заминаро барои рушди фасод ва нақзи ҳуқуқи муштариён” фароҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG